Нест бод маҳалгароӣ! Сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои Тоҷикистони азизи мо!

Махалгароӣ - ин нафрат, ғурур, фазои тира, парокандагии тоҷик, заифи кишвар... аштӣ, бадахшонӣ, бойсунӣ, бухороӣ, варзобӣ, ванҷӣ, вахонӣ, данғарагӣ, дарвозӣ, душанбегӣ, ёвонӣ, зарафшонӣ, истаравшанӣ, исфарагӣ, ишкошимӣ, кангуртӣ, конибодомӣ, масчоҳӣ, панҷикентӣ, помирӣ, раштӣ, риштонӣ, ромитӣ, рӯшонӣ, самарқандӣ, сӯхӣ, суғдӣ, фалғарӣ, файзободӣ, фархорӣ, хатлонӣ, ховалингӣ, хуҷандӣ, чустӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, яғнобӣ, ғармӣ, ғозималикӣ, ғончигӣ, ҳисорӣ... агар дасти ҳамдигар нагиранд аз Тоҷикистону миллате бо номи тоҷик ному нишоне нахоҳад монд...

Ҳабиб Саид - ДУШМАНИ №1 ТОҶИК - ВИРУСИ М



                                                                                                     ©habibsl
                                                                 Ҳабиб Саид - ДУШМАНИ №1 ТОҶИК - ВИРУСИ М
         

   Тоҷикон дар симои туркҳо, славянҳо, сионистон, пантуркистон, салибдорон… душманони хешро меҷӯйянд, ҳоло онки душман дар рӯҳу қалби ҳар як тоҷик чун вирус манзил гирифтаасту афкору рафторашро пайваста зери назорат дорад, соаташ даррасад вирус ба амалҳои густурдае даст хоҳад зад. Вирусе, ки миллату меҳанаи тоҷикро рӯҳану ҷисман хароб месозад – М (маҳалгароӣ) ном дорад. Вируси М ноаён миллату кишварро ба самти харобию порашавию муфлисию таназзул мебарад. Бегонагон баҳри пиёдасозии ҳадафҳои хеш вируси мазкурро ниҳоят чирадастона истифода бурда, тавассути гумоштаҳои хеш мекушанд, ки он даҳчанд афзоиш биёбад. «Дӯстони» мо вируси М ро баҳри ҳадафҳои муайян равона намуда ҷанги таҳмилиро тарҳрезӣ намуданд. Барои онки тоҷик зери фишори азоби виҷдон намонад, ки ӯ бародарашро мекушад, баҳри чашмро бастану виҷдонро гӯл задан вожаҳои "вовчику" "юрчикро" ба кор андохтанд, яъне - ту бародаратро намекушӣ, балки "вовчикҳоро" мекушӣ, онхо низ душманои ашаддии моянд ва бо мушовирону сарбозону чархболу танку тӯпҳояшон ба кумаки «бародаронашон» бишитофтанд.
   Бегонагон танҳо нафрату кудурати дар натиҷаи паҳншави вируси М ба вуҷуд омадаро гирд оварда ба самти дилхоҳашон равона намуда ҳадафҳои хешро пиёда месозанд, агар неруи мазкур вуҷуд намедошт, белашон дар сарзамини тоҷик хок намегирифт. Нафрату муҳаббат неруҳои ноаёни ҷомеъаро ба ҳаракат оваранда ба ҳисоб мераванд, нафрат ба самти харобию муҳаббат ба фазои шукуфон мебарад. Мушовирону афсароне, ки дар ҷанги таҳмилӣ аз самти "ҳокимияти конститутсионӣ" ширкат варзиданд, дар хотираҳояшон навиштаанд, ки шигифтзада буданд, ки тоҷикон пайваста бародарони хешро бо гуноҳи онки - ӯ танҳо намоядаи маҳаллӣ дигарест, гурӯҳ – гурӯҳ бурда бераҳмона ба қатл мерасонданд (бино ба маълумоти СММ дар ҳудуди Тоҷикистон 42 қабрҳои умумӣ вуҷуд доранд, дар баъзе аз онҳо то 2000 ҳазор нафар ҳангоми «чисткаҳои» Фронти Халқӣ ба қатл расида, зери хоканд) ба лагерҳои филтрасионӣ ва ё маҳбасхонаҳои давлатию шахсӣ мепартофтанд, ва ё чун ғулом дар ҳавлии худу хешовандонашон кор мефармуданд, ё бо бегонагон пайваста ба амалҳои зишт нисбати занону духтарони тоҷик даст мезаданд.

 Турсунзода. Дараи Камбар. Дар ин ҷо ҷасади 800 нафар мардон аз колхози Жданов, ки соли 1992-ум  ҳангоми "чисткаҳои" Фронти Халқӣ ба қатл расида, дафн шудаанд
   Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои асосии муқовимати неруҳои зидди Ҳокимияти Муросои Миллию оппозитсияи тоҷик гашт. Фронти Халқиро Сафаралӣ Кенҷаев бо дӯстони ӯзбекаш расман дар шаҳраки Сарводаи Айнӣ созмон дода сипас штабашро ба Турсунзода кӯчонд. Зеро неруҳои низомии ӯзбекҳои маҳаллӣ, артиши Ӯзбекистон, полисияи махфии Ӯзбекистон, корхонаи алюминӣ Турсунзода бо сарвари яҳудии рус Синани имкониятҳои пулию молиро ба ихтёри Фронти Халқӣ гузошта - ҳама дар ин шаҳр ҷойгир шуда буд. Илова бар ин шаҳр рӯҳияи қавии зиддитоҷикӣ дошт. Пас аз онки КГБ бар зидди майдони Шаҳидон бо дасти ҷосусонаш майдони Озодиро созмон доду пас аз муқовимат бо майдони Шаҳидон ҳаводорони Кенҷаев рӯ ба гурез ниҳоданд, дар Турсунзода шикори ғармиёну тарафдорони оппозитсия оғоз гардид, туркони Турсунзода поездҳоро нигоҳ дошта тоҷиконро берун кашида ба қатл мерасониданд. Пас аз ҳуҷуми нобарори Кенҷаев, ки хост 25 октябри соли 1992 пойтахти тоҷиконро бо кумаки артиши Ӯзбекистон, ӯзбекҳо, тоҷикон, лақайҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ленин забт намояд, фишор болои ғармиёну тарафдорони оппозитсия даҳчанд афзуд. Пас аз «сесияи таърихӣ» ва гуфтушуниди махфӣ бо пири туркон(И. Каримов) оиди сарнавишти Тоҷикистон дар Тирмиз, дар Турсунзода ба қатли омми  тоҷикон пардохтанд, мардони тоҷикро бо баҳонаи маҷлис дар ҷойе гирд оварда ба мошинҳо савор карда бурда дар дараю кӯҳҳо мепарронданд, қисми дигарро ба лагерҳои филтрасионӣ ва маҳбасхонаҳои шахсӣ мепартофтанд, хонаҳояшонро ғорат мекарданд, даст ба таҷовузи занону духтарон мезаданд. Деҳаҳои ғармиён вайронаеро мемонд, бидуни пирону тифлон, занон касе ба чашм намерасид. Баъзе аз тоҷикон дар ин амалҳои зиштарин нисбати бародарони хеш ба ӯзбекон кумак бинмуданд, сипас сарнавишташон фоҷиангез бианҷомид. Дар сафи фармондеҳони Фронти Халқӣ ҳатто тоторҳои маҳаллӣ ба чашм мерасиданд. Вақте ки роҳбарони аввал дар Точикистон яҳудӣ, ӯзбек, арманӣ, рус буданд, пантуркистон бо баҳонаҳои мухталиф ӯзбекҳоро аз минтақаҳои Ӯзбекистон, ба водии Ҳисору Вахш ва инчун Душанбе кӯчониданд, то Тоҷикистонро дар оянда пурра тавассути онон зери назорат бигиранд. Пантуркистон шимолро тавассути Пролетару ҷанубро бо воситаи Турсунзода зери назорат доштанд. Сафаралӣ Кенҷаев ва Нарзулло Дӯстов дастпарварони мактаби ӯзбекҳои омадаянд. Фармондеҳони Фронти Ҳалқӣ - Маҳкамбой Шарипов (ургутӣ), Малик Солеҳов (фарғоналик), Ибод Бойматов (тошкентлик) низ ворисони ӯзбекҳои омадаанд. Пас аз онки тоҷикон Ғафуров, Улҷабоев, Расулов ба сари ҳокимият омаданд, фаровардани тоҷикон аз кӯҳистон ба водии Вахшу Ҳисор ва шимоли кишвар оғоз шуд, то оянда пантуркистон ин заминҳоро соҳиб нашаванд. Дар Ҳисору Шаҳринаву Турсунзода ӯзбекон мекушиданд, то ҳиссӣ маҳалгароии тоҷиконро чирадастона истифода баранд, то тоҷикони маҳаллӣ тоҷикиони аз кӯҳистон фаровардаро бегонаву, ӯзбекҳоро худӣ ҳисобиданд. Дар Ҳисор ғармиёнро бурда дар деҳаи Арҷинаки дараи Алмосию ва санаторияи Шоҳамбарӣ ба қатл расониданд, яке аз симоҳои намоёни ғармиён - Карими Якдастаро бо азобҳои гушношунид куштанд. Дар Турсунзода гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро модарашон аз дасти қотилон ба кӯҳҳо мегурезонданд, пас аз сарсониҳои тӯлонӣ тавассути кӯҳҳо ба дараи Алмосии Ҳисор, ки сокинонаш саросар тоҷиканд мефароянд, бародарони тоҷикашон фавран онҳоро бо бронитехникаю дастаҳои мусаллаҳ иҳота намуда ҳамаашонро ба қатл мерасонанд (расонаҳои хориҷӣ низ аз ин фоҷиа хабар дода буданд). Ҳокмияти Муросои Миллӣ дар пойитахт ба иҳота афтод. Аз самти ҷанубу шарқ дастаҳои Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов, аз шимол фалғариёни Кенҷаев роҳро бастанд, аз шарқ ҳисориҳои Ҷамолиддин Мансурову Нуралича туркҳои Малик Солеҳову Ибод Бойматов ва дигар гурӯҳони турку тоҷик пойтахтро ба иҳота гирифтанд. Намегузоштанд, ки қатораҳо, мошинҳо, одамон ба Душанбе рафтуомад кунанд. Ҳисориёну ӯзбекҳо ба самти маҳаллаи Зарафшони Душанбе аз тӯппҳо оташ мекушоданд, гурӯҳи занон наздашон рафтанд, то онҳо аз муҳосираи пойтахт даст кашананд, вале гуфтушунид бенатиҷа анчомид. Агар ҳисориён аз самти шарқ ба ӯзбекҳо пайваста пойтахтро буғӣ намекарданд, Ҳокимияти Муросои Миллӣ сукут намекард. Ҳисор ҳамеша зери назорати пантуркистон буд, яке аз пешвои ҳисориён Нуралича солиёни зиёде бо Ӯзбекистон робитаи қавӣ дошт. Сарвари ҳокимият иҷроияи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров, Фатҳуллохон, ва баъзе фармондеҳони Ҳисор гузаштагонашон, ки садсолаҳо дар ин сарзамин зиндагӣ карданд, ғайричашмдошт худро кӯлобӣ эълон карда ба кумаки Сангак Сафаров шитофтанд. Мардумро бо силоҳи аз Ӯзбекистон оварда мусаллаҳ бинмуда ба самти Душанбе, Кофарниҳон, Ғарм равон мекарданд, ҳоло онки ба самти Ҳисор касе ҳуҷум накарда буд. Ҳисориҳо барои маҳвӣ Ҳокимияти Муросои Миллӣ ва ба иҳота гирифтани пойтахт, чанд мансаб насибашон шуд - Ҷамолиддин Мансуров мири Душанбе, Фатҳуллохон муфтӣ кишвар, Ҳайбулло Насруллоев раиси «Тоҷикматлубот» гаштанд. Яке аз фармондеҳони маҳаллӣ бо номи Фарҳод фармондеҳону шахсиятҳои намоёни Ҳисорро бо сарварии Нуралича бо баҳонаи меҳмондорӣ дар хонааш гирд оварда ҳамаашонро парронда ҷасадашонро оташ мезанад. Мардум Ҳисор Фарҳодро дар майдони марказӣ ноҳияи оташ заданд, ӯ иқрор шуд ки ин амалро бо супориши Ёқуб Салимов анҷом додааст. Дертар ҳисориҳо, ки барои ба сари қудрат овардани шогирдони Сангаку Сафарову Файзиалӣ Саидов саҳми асоси гузоштанд - Ҷамолиддин Мансуров аз мансаб маҳрум гашт, муфтӣ Фатҳуллохонро куштанд, Ҳайбулло Насруллоев то ҳол дар гурез аст. Вақт нишон дод ки алянси кӯлобиҳою ҳисориҳо ҳамеша бо шикаст меанҷомад. Ҳангоми задухӯрд бо амир Музаффар (соли 1867) дар Деҳнав ҳисориҳо шикаст хӯрда ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Беки Ҳисор Абдукарим Додхоҳ бо пайравонаш дар Кӯлоб паноҳ бурд. Беки Кӯлоб Сарахон, Абдукарим Додхоҳу наздиконашро дастгир карда ба амир Музаффар супорид… Ӯзбекҳои Тоҷикистон ба бемории бузургманишӣ гирифторанд. Дар Тоҷикистон ӯзбекони зиёде дар мансабҳои сарвари вилояту вазир буданд, кушиданд то сарвазири Тоҷикистон низ ӯзбек шавад. Соли 1985 Горбачев роҳбари қавии вилояти Ленинобод Рифат Ҳоҷиевро аз сари қудрат дур сохт, дертар пайи ҳам ду ӯзбек сарвари вилоят шуданд. Агар роҳбарияти вилояти Ленинобод ба дасти ӯзбекҳо, ки бе сухани Тошканд амал намекарданд, намегузашт, дар гумон буд ки пантуркистону ёронашон Тоҷикистонро бо хуну хок омехта тавонанд. Рифат Ҳоҷиев гуфтанд, ки Сафаралӣ Кенҷаеву Сангак Сафаровро дастгири накунанд, зеро онон касофати хоҳанд овард, вале хуҷандиён хусусан авлоди Абдуллоҷоновҳо ба сухани пирашон гӯш накарданд, билохира ҳама чизро аз даст доданд. Бисёр ӯзбекони дар мақомҳои баланди Тоҷикистон нишаста пас аз онки баҳри ҳадафҳои бузургманиашон кишварро оташ заданд, Тошкандро макони зисти хеш ихтиёр карданд. Нақшаашон бо дасти ӯзбекони маҳаллӣ, лақайҳо, арабҳо, тоҷикони Кӯлоб, Хуҷанд, Айнӣ, Ҳисор - ғармиёну бадахшониёну оппозитсия, Ҳукумати Муросои Миллиро маҳв сохтану сипас бояд ҷабҳаи ягонаи туркону муғулнаждодон тоҷикони ҳамсафашонро нобуд мекард, амалӣ нагашт. Иттиҳоди кӯлобиён, хуҷандиён, фалғариён, ҳисориён, ӯзбекҳо, ки Ҳокимияти Муросои Миллро маҳв сохта «хокимяти конститутсионӣ»-ро бо кумаки  Ӯзбекистону Русия ба арзи ҳастӣ оварданд, низ пароканда шуд, дар ин иттифоқ ӯзбекҳо, хуҷандиён, ҳисориён мавқеи хешро аз даст доданд, ҷойи онҳоро дарвозиҳою лақайҳо гирифтанд. Турсунзода, ки то оғози ҷанги шаҳравнди пурра шаҳри туркӣ буд, бовари кас намеомад ки ин ҷо Тоҷикистон аст. Ҳама чиз дар дасти ӯзбекҳо буд, бигзор зиндагӣ кунанд, вале ба онҳо ҳамаи ин ками кард, чор тоҷикӣ дар ин ноҳия зинда кунанда ба чашмашон сахт расид, гумон карданд ки ғармиёнро маҳв месозему зиндагии ороме насибамон мегардад. Кунун ӯзбекон маҷбуран ки ба тоҷикӣ ҳарф бизананд, шаҳр чун пештара саросар дигар шаҳри туркон нест, бисёрашон ба ватани аҷдодиашон кӯч бастанд, вале ононро напазируфтанд, маҷбур шуданд пас баргарданд, ҳангоми аз ҳудуди Ӯзбекистон гузаштан онҳоро чун тоҷикон низ зери фишор мегиранд. Ӯзбекистон ӯзбекҳои Тоҷикистонро баҳри ҳадафҳои бузургманишаш истифода бурда, сипас чун ашёи истифодашуда ба партобгоҳ парофт. Шаҳри Турсунзодаро «бораш» ниҳоят вазнин аст, зеро «дӯстони» тоҷик нақшаҳои тоҷикуширо ин чо тарҳрезӣ бинмуда ҳама неруҳои зидди тоҷикро ин ҷо гирд оварданд, юриш баҳри забти пойтахти тоҷикон аз ин ҷо оғоз гардид, ва лухтаки пантуркистон Сафаралӣ Кенҷаев ҳамеша низ ин ҷо буд ва қисме аз «шоҳасарҳояшро» дар ин ҷо навишт, силоҳбадастонро баҳри нобуди тоҷик ба самти Душанбе, Кофарниҳон, Ғарм, Тавилдара аз ҷо равон мекарданд. Корхонаи алюмений, ки дар ин шаҳр ҷойгир шудааст, зиёда аз 20 сол мардуми кишварро дар зимистон бебарқ нигоҳ медорад, ҳамаи неруи барқи дар зимистон истеҳсолшавандаи кишварро бо нархи арзонтарин(қариб ки бепул) ба корхона дода мешавад, чун аждар фурӯ мебарад. Аз корхона ба кишвар суде нест, зеро фоидаро танхо як оила ба ҷайби худ мегузораду ҳатто ба давлат андоз намесупоранд. Агар корхонаи алюминӣ намебуд, барқи истеҳсолшуда дар зимистон кишварро басанда буду мардум азобҳои сангинро намекашиду тифлону пирон аз сармо намемурданд...

   Соли 1920 Туркфронт бо сарварии М. Фрунзе давлати ирониёни шарқӣ - Аморати Бухороро маҳв сохта намояндаи қабилаи қарлуқхоро ба роҳбарӣ овард, вазири мудофиаро аз тоторҳо таъин намуда забони форсиро аз байн бардоштанд.400 ҳазор инсон нобуду 1 миллион фирорӣ гашт. Соли 1992 Ислом Каримов Туркфронти 2 ро(Фронти Халқӣ)ро бо дасти хоинони тоҷику ӯзбекони маҳаллӣ ташкил кард, Ҳокимияти Муросои Миллиро сарнагун сохта намояндаи қабилаи қарлуқҳоро ба тахт шинонд, яҳудии рус вазири мудоифа таъин шуд, аз қонуни забон вожаи “форсӣ”ро бардоштанд. 150 ҳазор инсон қурбон шуду 1,5 миллион гуреза гашт. Бояд бисёре аз заминҳои кишвар ба ихтёри Ӯзбекистон мегузашту Тоҷикистон чун ҷумҳурии худмухтор ба Ӯзбекистон мепайваст. Оппозитсия, равшанфикрон, диндорони асил, бадахшониёну ғармиён бояд маҳв мегаштанд. Сохтори Тоҷикистон пурра ба дасти туркон гузашта фалаҷ мегашт, раванди ӯзбекшавии тоҷикон дар Тоҷикистону Ӯзбекистон меафзуд. Дар Ӯзбекистон равиши ӯзбеккунонии пеш аз ҳама шаҳрҳои Самарқанду Бухоро афзуда то соли 2011-ум  пурра ба ӯзбек табдил меёфтанду дар Бухоро оромгоҳи Исмоили Сомонӣ, дар Самарқанд хона - музейи Садриддин Айнӣ нобуд карда мешуд. Тоҷкони дар кӯҳистон зиндагӣ доштаи вилояти Сурхандарёю атрофи Тошкандро бо зури силоҳ ба водӣ фароварданд, то равиши ӯзбеккунонии онҳоро тезонанд.
   Нафрат ба бародарони хеш ончуон зиёд аст, ки имрӯз низ зи хеҷ кори зиште алайҳи ҳамдигар даст намекашанд. Сокинони як шаҳрчаи Руссияро бераҳмии навраси 16 солаи тоҷик, ки ҳамсини худро барои онки ӯ намояндаи маҳаллӣ дигар аст, бо бел зада куштааст, мутаҳайир сохт. Набардҳои байни маҳалҳои Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Руссия идома доранду дар он даҳҳо нафар кушта мешаванд, намояндаҳои дигар миллату гурӯҳҳоро - бераҳмии ҳаммиллатони мо ба даҳшат меоварад, - ин туда (тоҷик), ки худро миллати кӯҳану ливобардори дини ислом дар Осиёи Марказӣ мехонад, дар ғарибӣ ба ҷойи ҳамдигарро ҳимоят намудан, баръакс нобуд месозанд, гӯё ки набардҳо байни миллатҳои бо ҳам душман мерафта бошад. Нафрати насли пешин кишта насли ҷадидро чун аждар
Вируси М зи нафрату ғурур нерӯ мегирад...
ба коми хеш дармекашад. Вазорати маориф тасди
қ кард, набардҳое, ки дар мактабҳои Душанбе бо силоҳҳои сард чанд сол боз идома меёбад, решаҳои маҳаллӣ доранд. Он наврасоне, ки аз ҳоло бо вируси М заҳролуд гаштанд фардо барои миллати тоҷик мушкилоти зиёдеро пеш меоранд. «Дӯстони» мо оянда бо дасти онон ҳадафҳои хешро пиёда сохта кишварро ба самти порашави тела медиҳанд. Дар ғарибӣ хору зору ба беҳуқуқтарин миллату ба хандахариши атрофиён табдил ёфта, касе намеандешад, шояд Офаридгор барои маҳалгароию бародаркушиамон ин рӯзҳои сангинро бар миллати мо раво дид. Кор ба дараҷае расидааст, аксарият аз тоҷик буданашон шарм медоранд, худро дар ғарибӣ бо номи маҳаллӣ хеш муаррифӣ мекунанд ва ё худро кафқозӣ, афғон ва ё эронӣ метарошанд. Аз падару модар миллату меҳани хеш даст кашидану нисбатии онон нафрат парваридан вазинтарин гуноҳ аст. Фарде, ки тоҷик будани хешро инкор мекарду аз тоҷикон ҳазар мекард, аз дунё мегузарад ва мурдааш бесоҳиб мемонад, дӯстони ҳамқадаҳу ҳамнишинаш пайдо намешаванд, то мурдаашро соҳиби кунанд. Тоҷикони кӯчарубро номуси миллиашон боло мегираду ҷасади тоҷикбезорро бурда дафн мекунанд.
   Коршиносон мегуянд, ки дар ҷомеаи тоҷик вируси М ҳамеша вуҷуд дошт, вале пас аз «ҷаласаи таърихӣ» қасри Арбоб (ноябри соли 1992) ин вирус садчанд афзуда шакли эпидемияро ба худ гирифт. Маҳалгароӣ - асбобест, ки тавассути он метавонанд даҳсолаҳо дар сари қудрат бимонанд, бинобарин сиёсатмадорон мекушанд вируси М афзоиш ёбад, ин ба фоидаи онҳост, зеро маҳалгароӣ дифогари мансабу дороиашон мебошад. Барои дӯстони мо низ маҳалгароӣ фашанги олиҷанобест, ки тавассути он ба осонӣ метавонад гурӯҳҳои дилхоҳашонро ба сари қудрат оранд. Барои хориҷиён бо маҳалгароён кор кардан ниҳоят осон аст, зеро онон барои онки дар сари қудрат бимонанд, таёранд ҳамаи дорои миллату кишварро ба савдо бизананд.
Ҳангоме, ки вируси М дар ҷомеа хуруҷ дорад, фарде, ки дар шароити солими ҳокимиятдорӣ ба ӯ вазифаи ноҷизтаринро раво намебинанд ба осонӣ метавонад ба курсии вазиру мушовири давлатӣ нишинад, ва ё намояндаи
Тоҷикистон дар кишвари хориҷӣ

бошад, зеро меъёри асосии ба вазифа нишастан баромада маҳал аст на ҳунар. Ҳангоми пешниҳоди натиҷаи интихоботи президенти ноябри соли 1994, агар пирӯзии Абуллоҷонов (коршиносон мегӯянд,
Гулдастшо Имроншоев – вазири корҳои дохилӣ
Тоҷикистон. Нахустин сарвари УБОП Тоҷикистон.
"Ҳокимияти конститутсионӣ" ҳадафҳои маҳалиро
боло дониста ба ҷойи ӯ - милитсионери касбӣ,
рекетири ду бор дар паси панҷара нишастаро
вазир корҳои дохилӣ таъин кард
ки дар он интихобот Абдуллоҷонов пирӯзӣ ёфта буд) эълон мешуд, кишварро хунрезии ҷадиде интизор буд.

Бо «ҷаласаи таърихиашон» тоҷикон оламиёнро дар шигифт андохтанд. Рекетиреро, ки ду бор зиндонӣ шудаасту ягон маълумоти касбӣ надоштаро вазири корҳои дохилӣ таъин карданд, ҳоло онки дар вазорат генералу афсарони ҳирфаӣ ниҳоят зиёд буданд, вале маҳаллӣ баромадашон ба роҳбарони навин писанд наомад. Вақте ки сарнавишти вазири дифо ҳал мешуд, ба ин вазифа тоҷикеро пешниҳод карданд, ки академияи низомиро хатм кардаасту унвони Каҳрамони Иттифоқи Советиро дошт, вале маҳаллӣ баромадаш писанд наомад, ва ба ин мансаб яҳудии русро аз Тошканд оварда ба курсӣ шинонданд. Танҳо дар Тоҷикистон мансаб на аз рӯйи ҳунар, балки аз баромади маҳал тақсим мешавад. Президент аз фалон маҳал, сарвазир аз фалон маҳал, раиси парламент аз фалон маҳал... Сохтори давлатии Тоҷикистон саропо дар пояи маҳалгароӣ тарҳрезӣ шудааст. Як кишвари хурде (масоҳаташ баробари Бошқирдистони Руссия) боз ба чанд вилоят (нақша ҳаст, ки боз се вилояти ҷадидро созмон диҳанд) тақсим шуда заминаро баҳри афзудани вируси М даҳчанд меафзояд.
   Танҳо дар Тоҷикистон ҳизбҳо, вазоратхонаҳо, корхонаҳои азим, донишкадаҳо, марказҳои илмӣ, клиникаҳо, рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизионҳо… вуҷуд доранд, ки ба ин ва ё он маҳал мансубанд ва ҳадафҳои маҳаллӣ мазкурро дифо мекунад ва ё чун силоҳ алайҳи дигар маҳал ба кор бурда мешаванд. Маҳалгароӣ сари як аз ҳизбҳои бонуфузи солҳои 90 -ум - ҳизби демократиро хӯрд. Маҳалгароён ҳизбро ба манфиати маҳалашон истифода бурда онро ба ҳизби кисагии «ҳокимияти конститутсионӣ» табдил доданд ва ҳизб аз сатҳи ҳизби умумимилли то сатҳи ҳизби маҳаллӣ поён фаромад. Коммунистони тоҷик, чун демократҳо низ ҳизбашонро ба ҳизби маҳаллӣ табдил доданд, пирашонро пеши пой зада яке аз фаъолони Туркфронт(Фронти Халқӣ), ки мардумро баҳри ҷанг андохтан ба Душанбе оварда буд ва яке аз маҳалгароёни ашаддӣ ба ҳисоб меравад, ба курсии сарвари ҳизб шинонданд. Ҳамагон то сентябри 2013 ҳизби наҳзатро ҳизби умумимиллӣ меҳисобиданд. Мардуми хору зор интизор буданд ки неруҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи президентии 2013 номзади арзандаеро пешниҳод мекунанд, то кишвару миллат зи буҳронҳои мухталиф наҷот биёбад, вале наҳзатиҳо манфиатҳои маҳаливу шахсиашонро аз манфиатҳои миллӣ боло дониста марду зан ба шахсе ки ҳамагон интизор буданд, номзад бигардад, часпиданд, то номзадиашро нагузорад ва фавран дар симои ӯ намояндаи маҳаллӣ бегонаро диданд. Ин амали маҳалгароёнаи наҳзатиҳо чашми бисёриҳоро во бинмуд, ки зери шиорҳои Худопарастиву Башардӯстии наҳзатиҳо ҳадафҳои маҳаллӣ ниҳонанд ва онҳо таёранд қарлуқ, лақай, қатағанро… бипазиранду вале тоҷикӣ дигар маҳалро не. Бохти наҳзатиҳо аз он оғоз гардид, ки ҳамеша мекушиданд, ки яке аз сарварони оппозитсияи тоҷик - Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро дар канор нигоҳ бидоранд. Намояндагони «ҳокимияти конститутсионӣ» ҳангоми вохӯриҳо бо Саид Абдуллои Нурӣ мегуфтанд, ки бе ин «ленинободӣ» (Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода) ҳам мо кӯҳистониҳо забон хоҳем ёфт. Наҳзатиҳо нахуст Ҳоҷи Акбар Тураҷонзодаро дар Теҳрон партофта худ ба Душанбе баргаштанд. Гуфтаҳои Тураҷонзодаро он замон наҳзатиҳо ба инобат мегирифтанд, имрӯз ҳизбашонро торумору роҳбариятро ба паси панҷара намепартофтанд, ва онҳое ки дар сулҳ саҳм доштанд – Саид Абдуллои Нурӣ, Отахон Латифӣ, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъабой Ниёзов, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва дигар наҳзатиҳою демоктрату оппозитсионеронро чекистҳо бо услубҳои мухталиф нобуд намекарданд. Он вақт Душанбе дар муҳосираи неруҳои оппозитсион афтода бартарии оппозитсия бо неруи низомиву ташкилию фикрӣ ниҳоят баланд буд, вале маризи маҳалгароию нобоварӣ ба ҳамдигар ба он оварда расонд ки ҳадафҳои маҳалиро аз ҳадафҳои миллӣ боло дониста оппозитсияро ба «ҳокимияти конститутсионӣ» таслим карданд. Ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон дар заминаи маҳал созмон дода шудааст. Намунаи арши маҳалгароӣ ҳизби демократ ба

ҳисоб меравад, зеро асосгузори ҳизб, ки худ ба маризи маҳалгароӣ гирифтор буд, сохтори ҳизбро низ дар чорчӯбаи маҳлгароӣ тарҳрезӣ бинмуд. Лаҳзае ки Фронти Халқӣ бо қатли оми мардум ба сари қудрат омад, чанд нафар аз шахсиятҳое, ки дар роҳбарияти ҳизби демократ буданд, ҳадафҳои маҳалиро дар мадди аввал гузошта бо шогирдони Сафараливу Файзалӣ, Бобои Сангаку Бобои Ҳайдар пайвастанд. Ҷумъабой Ниёзов пас аз зиндон берун шудан, як қисми парокандаи
Носир Улмасзод, зодаи Истаравшан
дар Амрико зиндагӣ дорад."Ман узви
Ҳизби демократи Тоҷикистон будам.
Ситодаш дар пушти чойхонаи "Роҳат"
буд. Афсӯс, ки ба ман бовар накарданд,
чунки ин ҳизби як маҳал буд. Дилам аз
ин ҳизб мисли ях хунук шуд. Ман онро
тарк кардам..."

ҳизби демократҳоро сарвари бинмуда онро вориди гуфтугӯйи сулҳ бинмуд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ демократҳо бо сарвари Муҳаммадрӯзи Искандаров дар симои Ҷумъабой Ниёзов «ленинободӣ»ро дида ӯро аз сарварии ҳизб барканор сохта Муҳаммадрӯзи Искандаровро сарвар интихоб намуданд. Ҳизби аграриро яке аз маҳалгароёнӣ ашаддии кишвар, ки бар зидди шимолиён китоби заҳрогине навишт, созмон дод. Ин фарди ба маризи маҳалгароӣ гирифторро дар аёмаш шимолие ба хондан равон бинмуда бо кумаки он шахс ба мансабҳои баланди ҳизбиву давлатӣ кишвар нишаст(бо маризи маҳалгароӣ боз орзуи президент шудандро дар дил мепарварид). Боварии комил дошт ҳамқабилагони ҳокимиятро ғасб намудааш ба ӯ мансаберо раво мебинданд, вале чизе насибаш нашуд. Дар Тоҷикистон дар гумон аст ки ба наздики ҳизби миллие арзи ҳастӣ бинмояд, зеро аз 7 сола то 70 сола дар кишвар ба маризи маҳалгароӣ гирифторанд, ҳатто онҳое ки хешро донандаи илми Илоҳӣ меҳисобанд, низ маризанд… Сабаби асосии ривоҷи маҳалгароӣ дар кишвар он аст ки дар Тоҷикистон маҳалгароён ба сари қудрат омаданду дар Руссияву Ӯзбекистон бошад миллатгароён давлатро ба дасти худ гирифтанд. Ҷомеаи тоҷик, ки бо вируси М оганда аст, ногузир маҳалгароёнро ба сари қудрат овард. Мардум низ ҳизбҳои кишваро ҳизби миллӣ намеҳисобад, баҳри шахси аз сиёсат дур ҳам ҳизби халқӣ - демократӣ ҳизби кӯлобиҳою лақайҳо, ҳизби сотсиал - демократҳо ҳизби шимолиёну бадахшониён, ҳизби наҳзат ҳизби ғармиҳо, ҳизби сотсиалистӣ ҳизби айнигиҳо, ҳизби иқтисодӣ ҳизби ҳисориҳо хоҳад монд… Ҳамаи сарварони ҳизбҳои Тоҷикистон дар деҳот ба воя расидаанд ва онҳо ҷаҳонбинӣ ва гуфтори деҳаи хешро мехоҳанд ба сари кишвар бор кунанд ва онон аз фазои деҳаи хеш берун наомада, то сатҳи миллӣ расида наметавонанду барои аз кӯлобию ғармӣ бадахшониву суғдӣ сохтани миллат оҷизу нотавонанд. Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд се шаҳри бузурги тоҷикон ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёни Миёна кишварро ҳамеша бо кадрҳои арзанда таъмин мекарданд. Вақте ки Тоҷикистон соли 1929 аз асорати Ӯзбекистон озод шуд, маҳз кадрҳо аз шаҳрҳои кӯҳани тоҷик кишварро ба кишвари шукӯфон табдил доданд, қисми зиёди онҳо аз ашрофзодагону аз авлоҳои кӯҳани тоҷик буданд. Яке аз онҳо - Бобоҷон Ғафуров аз авлоди Шайх Камол( Камоли Хуҷандӣ) мебошад. Барои онки роҳбари арзандае бигардед ҳафт пуштатон бояд тоза бошад, агар гадоро ба курсии шоҳӣ бишинонед, боз аз ӯ бӯйи гадо хоҳад омаду аз хӯйи гадоёнааш даст нахоҳад кашид ва мекушад ки мардум дар хизмати ӯ биистанду на ӯ дар хизмати мардум. Мардум ба яке аз сиёсатмадорони намоёни солҳои 90-ум бо чашми умед менигарист, ки ӯ фарзанди асили миллату кишвари мосту ояндаи кишваро бо ӯ вобаста медонистанд, вале ӯ аз ҳудуди маҳаллӣ хеш берун шуда натавонист, дар идораҳои Маскав аз мансабдорони рус хоҳиш мекард, ки ба ҳамшаҳриёнаш шаҳравнди Руссияро бидиҳанд, зеро онҳо бо русҳо гӯшту нохунанд. Кишваро фарзандоне чун Тоҳир Абдуҷҷабору Аслиддин Соҳибназаров зарур аст, то дар сатҳи миллӣ андеша биронанду амал бимоянд, вале фазои маҳалгароёнаи кишвар ба ин имкон намедиҳад. Кунун тоҷикон маҳалгароиашонро то Аврупо кашонданд. Маҳалгароии дар Радиои Озодӣ вуҷуд дошта расонаӣ гашт, чӣ тавр мудирият намояндагони маҳалҳои номақбулашонро аз кор меронанду худиҳоро бо супориши вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону чекистон дар радиои америкоиҳо ҷой мекунанд, то ҳадафҳои маҳаллӣ худро дифо кунанд ва мекушанд лаҳҷаи худро ба ҷойи забони адабӣ истифода баранд. Неруҳои оппозитсиони тоҷик, ки дар Аврупо созмнои ягона ташкил карданд, то зидди «ҳокимияти конститутсионӣ» бо роҳҳои қонуни мубориза баранд, ҳангоме ки сарварони созмон дар ҷаласаи бонуфузи Аврупо ширкат доштанд, гурӯҳе фавран ҷаласа ташкил дода хешро аз созмон ҷудо сохта ва радиои созмонро аз худ карданд. Онҳое ки ин рӯйдодро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд ки гурӯҳи мазкур дар заминаи маҳалгароӣ аз созмон ҷудо шуд. Ҷанги хунин, садҳо ҳазор қурбонӣ, ваъзи сангини миллату кишвар ба маҳалгароёни тоҷик ҳеҷ гоҳ сабақ шуда наметавонад. Маҳалгароён гӯё баҳри нобуд сохтани ин миллату ин кишвар арзи ҳастӣ бинмуданд, то дар дохили миллату кишар ягонагӣ вуҷуд надошта бошад. Яке аз сабабҳои суқути Ҳокимияти Муросоии Миллӣ он буд ки гурӯҳҳои зиёде(чун Ҷамолиддин Мансуров ва дигар сарварони Фронти Халқӣ) гузаштагонашон садсолаҳо дар Ҳисору Душанбею ноҳияи Ленин зиндагӣ кардаанд, ғайричашмдошт худро кӯлобӣ эълон намуда ба кумаки каллабурони Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов шитофтанд. Пас баҳри гурӯҳе замине, ки таваллуд шудаасту ва ҳафт пушташ он ҷо зиндагӣ бинмудааст, ҳамеша макони бегонае меомнад ва таёранд баҳри «маҳали бобогиашон» бо каллабурону бегонагон пайваста зодгоҳашонро бо хуну хок даромезанд. Маҳалгароёнро зи ин маризии бедаво танҳо гӯр наҷот хоҳад дод.

   Кадрҳои дар асоси маҳал интихоб шуда телевизионии миллии Тоҷикистонро то сатҳи телевизиони маҳаллӣ оварда расонданд, имрӯз дар кишвар қариб ки онро тамошо намекунанд. Мардуми камбизоат дар шимолу ғарби кишвар барномаҳои телевизиони Ӯзбекистону Қирғизистонро тамошо мекунанду дар ҷанубу шарқии кишвар телевизиони Афғонистонро, афроде, ки имконияти молиашон бештар аст ба телевизионҳои моҳворавивю кабелӣ пайастанд.
   Маҳалгароён агар ҳаммаҳалашон дар ягон мусобқаи байналхалқӣ ҷойи дуюм ва сеюмро гирад ӯро чун қаҳрамони миллӣ пешвоз мегиранд, ҷоизаҳои гарон ҳадя мекунанд, либоси маҳаллӣ хешро мепӯшонанду бо лаҳчаи хеш тавассути радиою телевизион сухан меронанд. Агар намояндаи маҳаллӣ ғайр қаҳрамон шуда ба Тоҷикистон баргардад, касе ӯро пешвоз ҳам намегираду расонаҳои давлати мӯҳри хомӯширо бар лаб мезананд.
   Агар дар минтақаашон ҳодисае рух диҳад маҳалгароён ҳамаро ба по мехезонанд, агар дар маҳаллӣ ғайре заминларза, обхезӣ ва ё тарма фарояд, тавре вонамуд месозанд, ки гӯё чизе рух надодаасту ҳамаи ин дар мулки ғайр мегузарад.
   Дар бисёр шаҳру ноҳияҳо гурӯҳе бо аждодашу ҳамдеҳагонашу ҳаммаҳалонаш мансабҳои асосиро соҳиб гашта, мардуми маҳаллиро аз вазифаҳо танг намуда ба ғорати молу амвол мепардозанд. Ё барои ғасби молу амвол ба тоҷирони маҳаллӣ гуноҳои вазнини сиёсиву экстремистиро (делои ҷиноии исфарагиҳо) бор мекунанд. Кор то ҷое расидааст, ки корхонаҳои саноатиро канда бо худ мебаранду Тоҷикистон кишвари ғасбшударо мемонад. Ин амалҳо, даҳчанд ҳисси маҳалгароию маҳалбадбиниро меафзояд, ягонагию якпорагии кишварро заиф сохта «дӯстони» тоҷикро хушнуд месозад, ки дер ва ё зуд маҳалгароён ин кишварро ба жарфои нобудӣ меафкананд.
   Нафрати дар натиҷаи паҳншавии вируси М ончунон зиёд аст, ки он ба кушта шудани 150 - 375 ҳазор одам оварда расонд, миллионҳо хонабардушу ятиму беватан гаштанд, чанд намояндаи СММ иваз шуд, то тоҷиконро ба сулҳ расонанд. Нафарони зиёде аз самти «ҳокимияти конститутсионӣ» зидди сулҳ буданд, мехостанд, ки оппозитсия ба онҳо таслим шавад. Ҳангоме, ки толибон Кобулро гирифтанду ба самти шимол ҳаракат карданд, хоҷагони «ҳокимияти конститутсионӣ» аз Маскаву Тошканд онҳоро маҷбур сохтанд, то ки ба сари мизи музокира бишинанд. Имрӯз барои онки нафратро ба самте равон созанд душман меҷӯянд. Нахуст душманони дохили ҷӯста ба маҳви онон даст заданд, кунун ба ба ҷустуҷӯйи душмани беруна пардохтаанд. Агар дар ҷустуҷӯйи душман бошед, он ҳатман пайдо мешавад. Кишвар ҳамеша дар фазои тарсу ҳарос гардиш доранд: аз олами ислому фазои форсӣ, хати форсӣ, масҷид, аз наврасони ба масҷид раванда, мулло, диндорон, садои азон, амри маъруф, аз шогирдони мактабҳои динии дар хориҷа таҳсил карда, аз тӯйҳои исломӣ, занони ба масҷид раванда, ҳиҷоб, риш… метарсанд, аз Ирон  канор меҷӯянду бо виқор ба Афғонистон менигаранд, бо ҳамсоягон забон ёфта наметавонанд, масҷидҳоро мебанданд, рӯҳониёни маъруфро аз масҷидхо дур месозанд, нисбати мардум пайваста турктозӣ мекунанд.
   Пирамардон назди мансабдори воломақоме, ки дар дачааш истироҳат дошта мераванд, то ӯ кумак бинмояд масҷидашон боз гардад. Мансабдор сархуш зи шаробу дар иҳотаи рақоссаҳояш нишаста ҳатто аз ҷой барнамехезад. Арзро то охир гӯш накарда бо ситеза мегӯяд, ки ба касофати муллою масҷид кишвар хароб шуд. Баъди итихобот ҳамеша мебандем ё ба мактабу боғчаву спортзал табдил медиҳем, бигзор мардум насронӣ шавад. Бо давлат шухӣ накунетон, канӣ Абдулло Нурию исломиҳояшу демократҳош - Ҳимматзода, Латифӣ, Ниёзов, Сангинов, Абдуҷаббор, Соҳибназарову дигарош… ҳамеша нест кардем, Мирзо Ҷагаро ҳам, саркашони дар Помир мондаро ҳам нобуд мекунем. Мо ин қадар хун рехтем, ки дар ин ҷо вовчикҳо давр ронанд, агар як бори дигар сар бардоранд, то кӯдакони дар гавҳора будашонро нест мекунем…
   Ҳокимиятдорон кушида истодаанд, ки барои боз ҳам заифтар сохтани дин, ба имомхатибон чун корманди давлатӣ маош бидиҳанд, то онон ба ситоиши соҳибмансабону сиёсати «хирадмандонаи» онон пардозанду пайваста зери назорати чекистон бимонанд ва баҳри аз майдон дур сохтани ҲНИТ ва рӯҳониёни маъруф саҳм гузоранд. Масҷидҳо вазифаи аслии хеш ибодатгоҳе, ки он ҷо танҳо зикри Офаридгору паёмбарашро мекунанд, тадриҷан аз даст дода ба минбари чекистону ҳокимиятдорон табдил ёфтаанд. Муллоҳои ҳукуматиро масъалаҳои - афзудани фишор болои дину диндорон, бастану валангор сохтани масҷидҳо, маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои мусулмонони кишвар, ба динҳои ғайр гаравидани мусулмонони тоҷик, дар моҳи шарифи рамазон тирборон кардани мардум, афзудани муҳоҷирату вайроншавии оилаҳо, бепадар ба воя расидани тифлон, амали зишти мансабдорону бригадирони бадмасти тоҷикӣ Руссия, ки ҷавонони бесоҳибу камбағалро маҷбур месозанд, то зан бигиранду сипас арусашонро ба онҳо пешкаш кунанд, ҷангҳои муҳоҷирони тоҷик дар заминаи маҳалгароӣ, ки бо хунрезию куштор меанҷомад, пайваста зери шиканҷа будани зиндониён, зиёдшавии бонувони бешавҳар, ба амалҳои ношоиста даст задани ҷавонону ба фоҳишагӣ рӯй овардани бонувон, ба бозори бо фоҳишаҳо таъминкунандаи Афғонистону Покистону кишварҳои араб табил ёфтани Тоҷикистон, аз бенавои духтарони хешро ба чиноиҳо додани мардум, афзудани худкушӣ, тифлонро барои амалҳои ношоиста ба хориҷа бурдан, тӯйдоронро маҷбур сохтани соҳибмасабон, то ҳатман дар дастурхон шароб бигзоранд, ҳоҷиҳои доляғундору фолбину даллолу сарояндаву раққосу шаробнӯш, 1, 5 – 2, 5 миллион муҳоҷири бесоҳиби баҳри пораи ноне сарсону саргардон, 1,5 ҳазор ҷасаде, ки ҳар сол ба кишвар ворид мешавад, 7 - 40 ҳазор маҳбусони тоҷик, ки дар маҳбасхонаҳои Руссия нишастаанд, бо ризояти ҳокимиятдорон разведкаҳои хориҷӣ, гурӯҳои низоми махсус - тоҷиконро чун нишонҳои зинда барои машқ истифода бурдан, ба бозори арзонтарини трансплантасия ҷаҳон табдил ёфтан кишавр аз ҳисоби маҳбусон(чӣ туре ки Чин уйгурҳоро барои транплантасия истифода мебарад), 1200 масҷиди баставу валангоршуда...ҳамаи ин заррае муллоҳои дарбориро, ки на дар хизмати Худованд, балки ҳокимони замон  истодаанд - ба андеша водор намесозад, гӯё ки нобиноянду намебинанд, ки чӣ тавр миллату кишвари мо ба самти вартаи нестӣ равон аст… Онон пайваста зикр мекунанд, ки шукри ҳокимонро кунед, ки ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи онҳо чунин «зиндагии биҳиштона» насибамон гаштааст.  Рӯҳониёни дарбориро танхо ду масъала пайваста ғам медиҳад: барои чӣ мардум дасти рӯҳониёни маъруфро  мебӯсаду дасти моро не, ва дар ислом набояд ҳизб бошад… Ба созмонҳои насрони шароит фароҳам меоваранд, то тоҷиконро зи дини аждодиашон дур созанд, тахмин меравад, ки аз 8 то 150 ҳазор тоҷик ба динҳои дигар гаравиданд. Мансабдорон дар вохӯрӣ бо ғарбиён пайваста зикр мекунанд, ки дар фосила ҳазор сол ҳеҷ гоҳ тоҷикон дини хешро тарк намекарданд, маҳз ба шарофати "сиёсати хирадмандонаи ҳокимияти конститутсионӣ"  ин равиш дар интиҳои қарни ХХ ниҳоят оғоз гардид. Кумитаи дин барои онки миқдори  тоҷикони ба ҳаҷ раванда коҳиш ёбад, ба Арабистони Саъудӣ омори дуруғинро пешниҳод мекунад, ки дар он шумораи мусулмонони тоҷикро каму шумораи насронишудагонро зиёд нишон медиҳад. Мехоҳанд, ки ҳатто фазои диниро бо меъёрҳои маҳал тарҳрезӣ созанд, сарвари рӯҳониён набояд рӯҳонии босаводтарину бонуфузтарин бошад, балки ҳатман ҳаммаҳалашон бошад, то фазои диниро зери назорат гиранд. Вақте ки меҳмонони хориҷӣ дар ҷашни Имоми Аъзам (2009 с.) ширкат варзиданд аз он мутаҳайир буданд, ки муфтии тоҷикон саводи казоӣ надорад.Тоҷикон маҳалгароии хешро то масҷидҳо кашидаанд. Дар баъзе минтақаҳо масҷидҳое вуҷуд доранд, ки бо номи маҳаллӣ муаяне ном бурда мешаванд ва намояндагони дигар маҳалҳо мекушанд, то вориди он нагарданд. Маҳалгароён Хонаи Худоро низ бо вируси М олуда сохтаанд. Дар кишвар қабристонҳое мавҷуданд, ки дар онҳо танҳо намояндагони маҳаллӣ муаянеро дафн мекунанд.
   Дар Тоҷикистони бе барқу бе газ ва зиёда аз 1,5 - 2,5 миллион фарзандонаш дар ғарибӣ баҳри пораи ноне сарсону саргардон, гӯё барои мансабдоронро дигар коре нест, ки пайваста ба муллою масҷид фишор меоваранд, бо милисаҳои Калашниковдор назди дари масҷидҳо камин мегиранд, мабодо наврасе вориди масҷид нагардад. Ҳамаи нерӯи кишвар барои ба дин фишор овардану меҳри онро зи дили мардум дур кардан равон шудааст. Дар таърихи ин сарзамин ҳеҷ гоҳ чунин қонунҳои зиддиисломӣ қабул нашуда буд. Ҳамон қадар ба дин фишор оранд, ҳамон қадар файзу баракат аз ин сарзамин мепарад.
                     

                                          Панҷакент. Милисионер навраси пас аз адои намози ҷумъа ба даст афтодаро ба "қассобхона" мебарад
 «Дӯстони» ислом дар кушиши онанд ки мактаби исломии Бухоро, ки то сентябри соли 1920 фаъолият дошту фазои азими Авруосиёро тавассути шогирдонаш идора мекард, эҳё нагардад. «Дӯстони» мо хуб медонанд, ки ворисони асили мактаби Бухоро тоҷиконанд, бинобарин ҷанги шаҳрвандиро созмон доданд, то кишвар бо хуну хок даромехта аз рушд бозмонаду исломро назди мардум бадном бисозанду мардум тарки ватан намояд ва роҳро баҳри наркомафия фарох бикушоянд. Намояндаи Елсину Каримов полковники ГРУ Квачков одамони зиёдеро аз назар гузаронд, то ливобардори нерӯҳҳои зиддиисломию зиддитоҷикиро дарёбад. Аз одамоне ки ба ӯ муаррифӣ намуданд, интихоби ӯ ба Сангак Сафаров афтид. Квачков, ки набардҳои хунини Афғонистону Озарбойҷонро (с.1990) паси сар карда буд, фавран дарк бисохт чӣ одаме наздаш истодааст. «Дӯстони» мо ду тоҷикро интихобро намуданд: Сангак Сафаров, Сафаралӣ Кенҷаев, то кишварро бо хуну хок даромезанд, то тоҷик дигар ёди дину ватани бобогиаашро накунад. Пас аз онки ҷони 150 ҳазор инсонро қурбон сохтанду лухтакҳояшонро дар мансабҳои асоси кишвар шинонданд, фишори болу дину диндорон даҳчанд, шумораи қонунҳои зидди исломиро садчанд афзуданд. Бисёриҳо мепиндоранд, ки исломбадбинонро тасодуфан ба мансаб шинонданд, ҳамаи ин аз рӯи нақшаи ягонаи «дӯстони» мо сурат мегирад. Рӯзҳои қатли омми тоҷикон пирамардон назди афсари баландрутбае мераванд – Кумакамон бинмо, о, ту фарзанди мои, ҳоламон ниҳоят хароб аст… Афсар ҷавоб медиҳад ки - ӯ ба ном роҳбар аст, ҳамаи амалиётҳои низомиро намояндагони разведкаҳои хориҷӣ роҳбари мекунанд. Яке аз роҳбарони «Моссад» ҳангоми ҷанги хунини Тоҷикистон дар Осиёи Миёна буду пайваста сарварони кишварҳои ҳамсояро ташвиқ мекард ки ҳаматарафа ба Фронти Халқӣ кумак бинмоянд, то аз «вовчикҳо» ному нишоне намонад… Оғози солхои 90-ум «дӯстони» ислом пайи ҳам дар се кишвар - Алҷазоир, Босния ва Герсоговина, Тоҷикистон ҷангҳои зиддиисломиро оғоз намуданд.11 июли соли 1995 ҷанговарони серб вориди шаҳри Сребрениса гашта 8,5 ҳазор мусулмононро қатли омм бинмуданд, дар ҷанги Босния ва Герсоговина 250 ҳазор одам қурбон шуд. «Дӯстони» ислом дар ҳамаи қораҳои Замин пайваста ҷангҳои зиддиисломӣ тарҳрезӣ менамоянду анъанаи салибдоронро идома медиҳанд, зеро ҷони мардуми ҷаҳони сейум баҳрашон арзише надорад. Соли 1994 дар Руанда дар фосилаи 100 рӯз 1 миллинон намояндаи қавми тутсиро аз тифлон то пирон маҳв сохтанд, амеркиоёну аврупоиён бошанд, қатли оммро хомӯшона назорат бинмуданд. Ғарбиён гоҳо тавассути матбуот, ҷомеаҳои шаҳрванди рафтору кирдори зиддисломию зиддиинсонии сарварони ҷаҳони сейумро маҳкум мекунанду вале дар асли пӯштибони ононанд ки бо ислом дар ҷанганду мардуми хешро қатли омм месозанд. Америкоёну авропоён аз пай тарҳезии нақшаи 1 милларди заррин ҳастанд, 1 миллиарди худи зинда бимонаду дигарон бояд маҳв бигарданд. Лашкари хуношоми Чингизро ба самти Осиёи Миёна дар аёмаш салибдорон равон карданд ва арманиҳо чун намояндаи салибдорон вазифаи мушовиронро дар назди муғулҳо бар ҷой меоваранд. КГБ бо сарварии Андропов тероризими исломиро созмон дод, то онро алайҳи Исроил, Амрико, Аврупо ба кор баранд ва имрӯз ворисони салибдорону пайравонашон мекушанд, тероризимро чунин моли ислом муаррифӣ кунанд. Вақте ки бо роҳи қонуни Мурсӣ дар Миср ба сари қудрат омад, генерал Сисӣ исён бардошта дар як рӯз 3 ҳазор одамро куштаву дар майдони Робиа 100 ҳазор одамро ба ҳабс гирифтанд ва президенти қонуниро паси панҷара шинонда ҳарбиён ғайриқонунӣ қудратро ба даст гирифтанд, исёни Сисӣ ба манфиати ғарбиён буд ва онҳо мӯҳри хомӯширо бар лаб заданд. Вале дар Туркия тирашон хок хӯрд, кушиши тарафдорони Гюленро ба сари қудрат овардан, амалӣ нагашт. Гюлен – армание, ки бобояш мусулмоноро сар мезад, имрӯз зери ниқоби турку мусулмон ниҳон шуда чун намояндаи масонҳо мехоҳад исломро бо услуби ғарбиён тағир бидиҳад. Мактабҳои Гюлен дар Тоҷикистон 5 ҳазор шогирд омода намуданд, онҳоро тадриҷан ба сари қудрат оварда исломро дар оянда бо тарзи ғарбиён бояд тағир бидиҳанд. Агар 15 нафари дар Туркия таҳсил дида Бухорои Шарифро ба ихтёри болшевикону пантуркистон во гузошта вуҷуд доштани миллатеро бо номи тоҷик инкор мекарданд, пас 5 ҳазор гюленчиён бо Тоҷикистону тоҷик чӣ хоҳанд кард? «Ҳокимияти конститутсионӣ» аз масонҳои Гюлен дида бераҳмтар бо ислом мубориза мебарад: дар кишвар 1200 масҷидро бастанд, ва ё валангор бинмуданд, ё ба каҳвахонаю чойхонаю боғчаи бачагон табдил доданд, муллоҳои дар кифт пагонҳои чекистӣ доштаро ба масҷидҳо оварданд. Мекушанд тоҷикиро аз гузаштаи 1400 солаи исломиаш ҷудо бисозанд. Дар радиою телевизион гирифтани номи Худо баҳри кормандон ҳангоми бурдани барнома маън аст. Дар либос, риш, ҳиҷоб, намозгузорӣ, таҳсили динӣ тифлон, услуби зисти ва тафаккури тоҷик тағироти кулли ворид сохтанианд ва услуби зисти ғарбиёнро зуран ба гардан тоҷик бор карданианд, тӯйҳое, ки бо нидои «горко»ю пур аз шароб мегузарад, бонувони бо либосҳои нимбараҳнаю аз забону дини хеш даст кашида, қаҳвахонаҳое, ки ҷавонони маст бо бонувони нимурён то сӯбҳ мерақсанд, ҳоҷиҳои раққосу фолбину доляғундор, мансабдорони исломситезӣ муғулсурату муғулсират, ки дину анъанаҳои бобогии тоҷикро таҳқиру дашном месозанд... «Дӯстони» мо баҳри мубориза бо ислом онҳоеро истифода мебаранд, ки гузаштагонашон бо ислом душманӣ доштанд, ва ё исломро зоҳиран мепазируфтанд (чун чалаҳо ки пас аз забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия аз ислом даст кашиданд) чӣ туре ки дар Туркия аз арманихои туркшуда истифода мебаранд, дар Осиёи Миёна, аз чалаҳо, яҳудён, муғулон, туркон истифода мебаранд. «Дӯстони» ислом ба роҳбарии Тоҷикистону Ӯзбекистон турку яҳудиро оварданд, то исломро буғӣ кунанд. Дар Тоҷикистон рӯҳониёи маъруфро, ки гузаштагонашон ҳамеша пешвои дини мардуми мо буданд аз масчидҳо дур сохтанд, ё ҳабс карданд(чун шайх Темур). Муғулнаждодону туркони тоҷикшударо, ки исломро зоҳиран мепарастанд, сарварии динро ба дасти хеш гирифтанд, то мардумро аз пасашон ба роҳи исломи ғарбиён тарҳрезӣ намуда баранд. Мардум хуб медонад, киҳо бояд сарвари дин бошанд, вале аз дасташ чизе намеояд. Баъзе аз муғулнаждодону туркони тоҷикшуда, бобою падари хешро, ки дар маҳви дину миллати мо бо болшевикон ҳамдаст буданд, кунун шахсиятҳои муқаддас эълон карда, баҳрашон мақбараҳои бошукӯҳ месозанд, ва мардумро маҷбур месозанд, то ба зиёрат бираванд. Исломи бо дасти «дӯстони» мо тарҳрезӣ шуда дар ин сарзамин дер ҳукум ронда наметавонад, зеро ин сарзамину ин миллат онҳоро нахоҳад пазируфт. Болшевикон зиёда аз 400 ҳазор мардуми моро сар заданду дар зиндонҳо пӯсонданд, 1,5 миллиони дигарро маҷбур бисохтанд тарки ватан кунанд, Бухорои Шарифро валангор бинмуданд, китобҳои моро оташ заданд, муқаддасоти моро ба партобгоҳҳо табдил доданд, вале исломро маҳв сохта натавонистанд, вақт ноаён худи болшевеконро ба партобгоҳи таърих биафканд…
   Ҳангоме, ки намояндагони як миллату як кишвар дар симои якдигар душманро мебинанд, дар нобарориҳои шахсию маҳалии хеш гуноҳи сокини маҳаллӣ ғайрро меҷӯянд, дар муасисаҳои давлатӣ ба лаҳҷаи деҳаи хеш сухан меронаду менависанд, (танҳо дар Тоҷикистон шахс 10 - 15 сол таҳсил карда ба забони адабӣ сухан ронда наметавонаду ва муаллимони ҳар як маҳал дарсҳоро ба лахҷаи хеш пеш мебаранд) дар ҳамаи зинаҳои давлатӣ кадрҳо аз рӯйи маҳал интихоб карда мешавад, ба ҳама чиз бо дидаи маҳалгароёна назар меафкананд, кишвар ба пешраве ноил нахоҳад гашт. Қисми дигари ҷомеа дар меҳан худро бегонау нолозим мепиндорад, дар чунин ваъзият танҳо бегонагон пешрави хоҳанд кард, онон кадрҳои беҳтарини тоҷикро, ки ба касофати вируси М дар меҳани хеш ҷой ёфта натавонистанд бо худ мебаранд, то баҳри шукуфои кишварашон саҳм бигузоранд (Мутахассиси нодиреро, ки дар Тоҷикистон ягона будааст, маҳалгароён маҷбур месозанд, ки ҷойро холӣ кунад, илтиҷояш, ки то нафақааш соле мондааст ба «муридони» Сангаку Файзалӣ бе асар мемонад. Дере нагузашта русҳо ӯро бо худ бурда дар маркази шаҳре манзил медиҳанду озмоишгоҳи азимеро ба ихтёраш мегузоранд) Ҳадафи фардони бо вируси М заҳролудгашта ба кишвару миллат хизмат накардан, балки мансабу вазифаро дар дасти қавмву аҷдодӣ хеш нигоҳ доштан аст. Баъзе мансабҳои давлатӣ то пайдо шудани ҳаммаҳаллӣ хеш солҳо холӣ меистанд. Ҷавонони тоҷик, ки донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳониро хатм кардаанд, дар ватан ҷой наёфта пас мегарданд, чун мутахассис онҳо барои кишвар заруранд, вале баромади маҳалиашон корфармоёнро қонеъ намесозад. Ҳатто бисёре аз туркону муғулнаждодон (бештар аз қабилаи лақайҳо) ки баромади маҳалиашон ба талаботи корфармоён созгор буд, дар идораҳои давлатӣ( аз вазир то сафир)кор ёфта тавонистанд, вале тоҷикони маҳалҳои дигар не. Баъзеҳо барои онки соҳиби мансаб гарданд, барои худу фарзандонашон шиносномаҳои нав мегиранд, ки дар он ҷойи таваллуд тағир ёфтааст ва ё мекушанд, ки навзод дар минтақаи роҳбарикунанда таваллуд шавад ва ё ба атрофиён собит месозанд, ки гузаштаашон рафта ба маҳаллӣ роҳбарикунанда мерасад, то мансабчае насибашон шавад. Кремил дар рӯйи хати сиёҳаш Ғарму Мастчоҳро ворид карда буд, то роҳро ба барои намояндагони ин минтақаҳо ба курсиҳои роҳбарӣ маҳдуд созад (мардуми ин минтақаҳо ба артиши сурх(1920 – 40) муқобиляти ниҳоят сахт нишон додаанд ва баҳри онҳо арзишхои динӣ ҳамеша дар мадди аввал меистод) Имрӯз худи тоҷикон рӯийхатҳои сиёҳ тартиб медиҳанд, ки намояндагони кадом маҳалҳоро роҳашонро ба сиёсат маҳдуд намуд.
   Ҳамаи қабатҳои ҷомеаи тоҷик бо вируси М заҳролуд гаштаанд, танҳо рӯҳониён нисбатан камтар олуда гардиданд. Ҷомеашиносону коришиносоне, ки бо равиши муҳоҷират сару кор доранд, мутаҳайранд, ки тоҷикони нисбати ҳаммиллатони хеш дар ғарибӣ то ин дараҷа бераҳмона муносибат мекунанд: бародарони худро мефиребанд, мекушанд, ба ғуломӣ мефурӯшанд, ё ба дасти ҷинояткорону милисаҳо, гурӯҳои этникӣ месупоранд. Дигар грӯҳҳои этникӣ мекушанд, ки дар ғарибӣ ҳимоятгари ҳамдигар бошанд, вале тоҷикон баръакс. Ҳатто созмонҳои тоҷикони берун аз кишвар дар пояи маҳал сохта шудааст - на миллат, баъзе аз онҳо танҳо ба ҳаммаҳалони худ дасти кумак дароз мекунанду ба дигар ҳаммиллатони хеш бо чашми бегона менигаранд, агар бимирад ҳам ба гулӯяш чакрае об намечаконад, зеро ӯ «бегона» аст, зодаи маҳаллӣ ғайр.
   Нафрати маҳаллӣ дар Интернет бисёр возеҳ ба чашм мерасад, зери хабару мақолаҳо, дашному таҳқирҳои пастаринру қабеҳтаринро нисбати маҳаллӣ
Муҳаммадҷон Шакурӣ(1925-2012)
ҳамдигар менависанд. Дар Интернет бисёр вақт гуфтаҳои таҳқиромезу душманонаи соҳибмансабон нисбати дигар маҳалҳо пайдо мешавад, ки ин миллатро заиф сохта кишварро ба самти пошхӯрӣ мебарад. Дар радиою телевизион барномаҳое пахш мешавад, ки ҳадафашон таҳқир ва ё хандахариш кардани ин ва ё он маҳал мебошад. Тудаи зиёди академику профессорон, олимони дар ҷабҳаҳои Фронти Халқӣ обутобёфтаву бо вируси М заҳролуд гашта китобу асарҳо эҷод мекунанд, ки мағз андар мағз бо кинаву нафат нисбати ин ва ё он маҳал равона карда шудааст. Онон дар матбуоти кишвар баҳсҳои доманадору пучи бо вируси М заҳролудгаштаро зидди ҳамкасбониу ҳарифони хеш оғоз мекунад. Агар шахси зери ҳадаф қарор гирифтаашон аз Самарқаду Бухоро ва ё дигар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бошад фавран ба ӯ тамғаи «ӯзбекро» мечаспонанд. Ҳамаи бузургони тоҷик аз Исмоили Сомонӣ то Садридидин
Айнӣ берун аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон таваллуд шудаанд, пас аз мантиқи гуфтори «олимони Туркфронт - Фронти Халқӣ» мебарояд, ки онҳо низ ӯзбеканд. Зодагони Бухорову Самарқандро ӯзбек хонда боз ба чор самт чор мезанем, ки Бухорою Самарқанд шаҳрҳои тоҷиконанд. Маҳалгароён борҳо ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дарафтода таҳқираш карданд, вале ашрофзодаи бухороӣ ба олимону шоирони нафратфарогирифти рафтору одобашон зи саҳронишинон тафовуте надошта, оромона нигариста суханро ба онон ҳайф донист.

                                                                                             Устод Садриддин Айнӣ(1978 – 1954)                                                      
Устод Садриддин Айнӣ. Бузургтарини шахсияте ки баҳри берун кашидани миллати мо аз коми аждарони болшевизиму пантуркизим ҷонбозиҳо намудааст. Таҳсилкардаи мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид, Кукалтош. Имрӯз нимчамуллою муллоҳои дар кифт погонҳои чекистӣ дошта олимону адибонӣ ба шарофати Калашников ба майдони илму адаб ворид гаштаи ба маризи маҳалгароӣ гирифтор, ба самти устод Айнӣ санг андохта гунаҳкораш месозанд, гӯё алифбои моро ӯ тағир бидод. Агар ворисони Туркфронт каме аз таърих бохабар мебуданд, ҳеҷ гоҳ ин суханҳои по дар ҳаворо ба забон намеоварданд. Болшевикон алифбои 27 халқияту миллатҳои мусулмони шӯравиро фавран тағир доданд, то робитаи онҳоро зи ҷаҳони ислом буранд. Асосгузори тағири алифбои арабиасос туркҳо бо сарварии ҷосуси ғарбиён Камол Отатурк буд. Ӯ бо ин амал ба салтанати туркҳои усмонӣ хотима бахшида фазои забонҳои арабию форсиро дар Туркия танг бисохт. Ӯстод Айнӣ нахуст ба ивази алифбо норизигӣ баён намуданд ва сипас диданд ки бо машинаи азими сархӯри болшевикон сар ба сар шудан ғайри имкон аст. Ӯстод то охири умр сатре бо ҳуруфи лотинию криллӣ нанавиштанд, ҳамаи асарҳояоншро бо хати ниёгон эҷод карданду сипас шогидорну наздиконашон онҳоро ба алифбои криллӣ баргардонданд. Оё муллоҳою олимону адибони дарборӣ медонанд, ки Устод «Заруриёти динӣ» ро навиштанд, нахуст он дар Когон нашр шуда соли 1927 бошад дар Лоҳур ва китоби мазкур дар Осиёи Миёна, Покистону Эрон маъруфу машҳур гашта буд. Устод пеш аз маргашон муллоро даъват бинмуда хоҳиш мекунанд, ки ҳангоме, ки марг фаро расид ҳамаро омода бисозанду сипас ба ҳукумат хабар бидиҳанд. Аждодҳои бузург садсолаҳо дар хизмати Офаридгор меистанд, то Садриддин Айние ва ё Бобоҷон Ғафурове ба арзи ҳастӣ ояд. Авлоду ашхосе ки дар хизмати Иблис камар бастанд, бидуни душманони дини Илоҳӣ, ватанфурӯшон, миллатфурӯшон, одамкушон, дуздону авбошон касеро намедиҳанд, агар аз байнашон тасодуфан адибе баромад, китобу номаш пеш аз мурданаш ба ихтёри боди фаромушӣ меравад, агар муллое бошад, фавран дар хизмати чекистҳо камар мебандад ва ё чун мулло Ҳайдар бо супориши чекистон мардумро барои ҷанг андохтан, пеш - пеш карда ба Душанбе меорад. Муллоҳо, олимон, адибони дарборӣ ба самти бузургони мо санг андохта, ба атрофиён аз вуҷуд додштани худ хабар медиҳанд, зеро маризи махалгароӣ оромашон намегузорад. Устод Мухаммадҷон Шакурӣ чанд сол шуд ки дунёи фониро тарк кардаанд, вале маризион то ҳол ба самти устод санг меандозанд. Ба ин маризон агар маҳаллӣ баромадатон писанд наояд, таёранд ҳамаи гуноҳои буду набуи дунёро ба гарданатон бор кунанд.
Устод дар яке аз мусоҳибаҳояшон низ зикр карданд ки навдавлатону наволимони имрӯза зодагони Бухорю Самарқанд ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини номақбулашонро ӯзбек мехонанд.
Ҳангоме ки мардуми тоҷикро аз марказҳои қадимааш Самарқанду Бухоро маҳрум карданду деҳаи Душанберо пойтахти ҷадиди тоҷикон эълон карданд, маҳз кадрҳо аз Самарҳаду Бухорову Хуҷанду дигар шаҳрҳои кӯҳани тоҷик дар обод кардани Тоҷикистони ҷадид камар бастанд.

   Вақте ки гурӯҳи масхарабозони арманӣ зери сарвари Артур Ҷоникбекиёну тоҷиксиёҳкунон: Ройзман, Рагозин, Жириновский, Багдасаров… номи тоҷикро бо
Масхарабозони арманӣ номи Тоҷику
Тоҷикистонро бо чирк даромехтанд,
вале на призидент, на парламент,на
зиёиени дарборӣ баҳри дифои миллати
хору зор садо баланд накарданд. Зеро
ҳама дар ғами маҳаллӣ хешанд...
чирк меомезанд аз «олимон» садое намебарояд, зеро онҳо танҳо ҳадафҳои маҳаллӣ хешро дифо мекунанд, ҳадафхои миллӣ барояшон бегона аст. Баъзе аз мансабдорон "дӯстӣ тоҷикон" Рагозинро зиёрати намуда шикоят карданд, “мо муҳоҷиронро бештар ба Руссия мефиристем, то онҳо аз ислом дур гарданд, вале онҳо ба ватан диндоршуда бармегарданд”... Дар Интернет навиштаи тоҷикон, ки аз гӯшаҳои мухталифи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ барои таҳсил ба Душанбе омада пас аз чанде онро тарк кардаанд, ёфтан мункин аст, ки чӣ тур бародарони ҳаммиллаташон ононро турк гуфта пайваста зери азобу шиканҷа мегирифтанд.

   Аз 25 миллион тоҷике, ки дар дунё ҳаст, танҳо 5,5 – 6,0 миллионаш дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, истиқомат доранд. Ҳангоме ки нахустин кайҳонаварди тоҷик Солеҳҷон Шарипов(тоҷикӣ истаравшанӣ, ки дар Қирғизистон ба воя расидааст) парчами

Тоҷикистонро бо худ ба кайҳон бурд ва кушид ки онро ба Тоҷикистон бисупорад, вале мансабдорони тоҷик чун ба бегона ба ӯ нигариста кайҳоннавардро
Солеҳҷон Шарипов нахустин
кайҳоннаварди тоҷик 
напазируфтанд. Миллатҳои кӯҳан чун яҳудву арманӣ дар кадом гӯшаи дунё фарде дар баданаш заррае хуни яҳудву арманӣ дорад онро ҳаммиллати хеш мехонанд, то сафи миллат биафзояду фардо бар манфиати миллату кишвар заҳмат бинмояд.
Дар Арманистон арманиҳои дар Сурияву Қарабоғ таваллуд шуда президентӣ кишвар буданд.

 Дар мо тоҷики берун аз Тоҷикистон таваллуд шударо фавран турк ва ё афғон мехонанду вазифаи ночизтарини давлатиро ба онон раво намебинанд. Вақте ки артиши Ӯзбекистон, дастаҳои Сангаку Файзалӣ, спеснази ГРУ полковник Квачков, гурӯҳҳои низомии генералҳо - Ашӯров, Николаев, Дӯстум (силоҳбадастони генерали ӯзбек дар самти Фронти Халқӣ

ҷангидаанд ва соли 1998 бо дастаҳои Маҳмуд Худойибердиев дар хуҷум ба вилояти Суғд низ ширкат варзидаанд) мардуми фирориро ба самти рӯди Панҷ танг карданду қисми зиёдашонро оби
ш. Ваҳдат. Гурезаи афғон Аҳмад Иқбол.
Бародарони тоҷик имрӯз ононро пайваста
зери шиканҷа мегиранд. Соли 1992 - 97
тахминан аз 200 то 400 ҳазор тоҷикӣ фирорӣ
дар Афғонистон паноҳ бурданд.  Имрӯз
Тоҷикистон тоби онро надорад , ки 5 ҳазораи
гурезаи афғон дар заминаш паноҳ ёбад

сарди р
ӯд бо худ бурд, маҳз афғонҳои ҷангзада пӯшту паноҳи садҳо ҳазор гурезаи тоҷик гаштанд. Лаҳзае ки неруҳои толибон тоҷикони Афғонистонро ба самти шимол танг карданд ва онҳо хостанд дар кишвари дӯст паноҳ ёбанд, аммо Тоҷикистонр дарро барояшон боз накард.
   Имрӯз ба гурезаҳои афғонӣ дар кишвар буда пайваста фишор меоваранд, зери мушту лагад мегиранд, вале барои чиноҳио дари кишварро боз медоранд. КГБ солҳои 80-ум пайваста байни донишҷӯйони афғону тоҷик чангҳо ташкил мекард, то байни иронинаждодон ягонагӣ ба амал наояд. Имрӯз тоҷикон бе кумаки КГБ ба фишори афғонҳо (бисёре аз онон ворисони тоҷиконанд, ки солҳои 1920-30 аз дасти болшевикон ба Афғонистон фирор кардаанд) даст мезананд. Сиёсатмадор ва хуқуқшиноси варзидаи тоҷик - Раҳматулло Зоиров аз тоҷикони Қазоқистон буда шаҷарааш рафта ба Ҳоҷа Аҳрори Валӣ мерасад (ӯ зодаи деҳаи тоҷикнишини Боғистон мебошад) Расонаҳои давлатӣ пайваста аз ӯ ӯзбеку одами Ӯзбекистонро метарошанд . Онҳое, ки сарварони кишвари ҳамсояро “ата” мегуфтанду илтиҷо мекарданд, ки то ба онон пул, силоҳ, тайёра, бронитехника… бидиҳанд, то бародарони хешро нобуд созанд ва савори танку бо дастгирии лашкари ӯзбек вориди пойтахт гаштанд, имрӯз хешро тоҷик меҳисобанду мекушанд, ки ҳарифони сиёсиашонро, чун турк ба атрофиён муаррифӣ бинмоянд. Тоҷик касест, ки худро тоҷик мехонад, новобаста дар куҷо таваллуд шудасту бо кадом лаҳҷа сухан меронад.
   Разведкачиён, шарқшиносон, мардумшиносон мардуми моро аз чор самт пурра омухтаанд, ҷои заифи онро нағз медонанд. «Моссад» тавонист, ки полисияи махфии кишварҳои собиқ шӯравӣ ва хусусан кишварҳои Осиёи Миёнаро муттаҳид сохта бар зидди Ҳокимияти Муросои Миллӣ бархезонд, ҳатто спеснази Исроил бо баҳонаи кумак ба яҳудиён омода буд, ки вориди Душанбе гардад (вактҳои охир маводҳои зиёде пайдо шуданд, ки исроилиҳо бо «Моссад»ашон низ дар афрӯхтани ҷанги шаҳрвандӣ саҳм гузоштанд) Полисияҳои махфӣ хуб медонанд, ки бемории қавми тоҷик маҳалгароист ва онро пурра ба кор бурданд.
Порае аз ҷигари тоҷикро бурида ба Чин ҳадя намуда ва онро мансабдорон "ғалабаи бузурги дипломатияи тоҷик» хонданд... Ҳоло Чин таҳдиде накарда баъзе аз мансабдорон дар шалворашон тар карда гуфтанд, - агар ин заминро намедодем чиниҳо то Хоруғ пешравӣ мекарданд. Кишваре, ки 150 генерал дорад зурашон танҳо ба мардуми осоиштаи Исфараю Ғарму Хоруғ мерасад, вале назди неруи беруна оҷизу лол. Афғонҳои бесилоҳ тавонистанд, ки империяҳои бузурги Британия ва Иттиҳоди Шӯравиро шикаст диҳанд.

Руссия аз 17 075 400 км² масоҳаташ- 337 км² замин ба Чин дод

Қазоқистон аз 2 724 900 км² масоҳаташ - 407 км² замин ба Чин дод

Қирғизистон аз 198 500 км², масоҳаташ - 12 км² замин ба Чин дод

Тоҷикистон аз 143 100 км² масоҳаташ -1300 км² замин ба Чин дод
Тоҷикистон бе ягон баҳсу муборизе масоҳати 2 баробари Сингапуру Баҳрайнро ва ё қариб 700 маротиба зиёдтар аз масоҳати Монакоро оромона бо ду дасти адаб ба Чин дод
Сан-Томе ва Принсипи 1001 км²
Доминика 754 км²
Тонга 748 км²
Кирибати 726 км²
Микронезия 701 км²
Баҳрайн 695 км²
Сингапур 693 км²
Сент-Люсия 616 км²
Андорра 468 км²
Палау 458 км²
Сейшел 455 км²
Антигуа ва Барбуда 442 км²
Барбадос 430 км²
Сент-Винсент ва Гренадини 389 км²
Гренада 344 км²
Малта 316 км²
Малдив 298 км²
Сент-Китс и Невис 261 км²
Чазираҳои Маршал 181 км²
Лихтенштейн 160 км²
Сан-Марино 61 км²
Тувалу 26 км²
Науру 21 км²
Монако 2 км²
Ватикан 0.44 км²

Коршиносон мегуяд, ки чиниҳо дар оянда баҳри қарзҳои додаашон, ки аз тарафи мансабдорони тоҷик тороҷ мешавад, қисмҳои дигари Мурғобро аз худ хоҳанд кард. Фурӯхтани масоҳати 1300 км² ду баробар кишвари Баҳрайн фавран вирди забонҳо гашт, ҳоло он ки заминфурӯшӣ (ватанфурӯшӣ) солёни зиёд идома дорад. Мансабдороне, ки марказ баҳри мустаҳкам намудани «ҳокимияти конститутсонӣ» ба минтақаҳо мефиристад, ҳамаи молу амволи зери назоратшон бударо ва ҳатто порае аз ватанро ба фурӯш мезананд ва ошкоро мегуянд, ки вазифаашонро бо фалон ҳазор доллар бихариданду бояд пули сарфкардаашонро баргандонданд. Мансабдорони бо Вируси М заҳролудгашта дар пораи замини фурӯхташудашон пораи ватани хешро намебинанду балки молиякияти маҳаллӣ ғайрро мебинад. Пораҳои замини тоҷик дар шимолу ҷанубу ғарбӣ кишвар ноаён ба ҳисоби Ӯзбекистону Қирғизистон гузаштаанд. Ба шарофати «сиёсати хирадмандонаи» масабдорон деҳаҳои калонтарини тоҷикнишин кишвар - Воруху Чоркӯҳ без замину роҳ ба самти Тоҷикистон мондаанд. Қочокбарони афғон бо «ризоияти» мансабдорон 34 гектар замини Шӯрободро зери назорати хеш гирифтаанд. Бо рухсати сарҳадчиёни тоҷик чиноиҳо бо техникаҳои зиёде дар Мурғоб вориди кишвар шуда заминҳое, ки металлҳои қиматбаҳо доранд ба мошинҳо бор карда ба Чин мебаранд.
   Поягузори заминфурӯшӣ (ватанфурӯшӣ) дар Тоҷикистон яке аз пирони «ҳокимияти конститутсонӣ» Изатулло Ҳаёев ба ҳисоб меравад, зеро ӯ 350 гектар замини тоҷикро (дар Ворух) ба қирғизҳо ҳадя кард. Шогирдон анъанаи устодашонро идома дода 350 гектар нею 1300 км² (яъне 130 000 гектарро) ба Чин ҳадя карданд. Вазире, ки ҳадяи 1300 км² заминро ба Чин «ғалабаи дипломатияи тоҷик» хонд, пас аз тарк вазифа ҳаводоронашу ҳаммаҳлонаш перомунаш китобу мақолаҳои ситоиши навишта бо тантана чун сафир ба кишвари бонуфузе гусел бинмуданд.
Саховатпешагии ҳокимони тоҷикро дида на танҳо Ӯзбекистону Қирғизитон бо чашми таъма ба замин тоҷикон менигаранд, балки гурӯҳе аз сиёсатмадорони Маскав даъвои Бадахшонро доранд. Қирғизҳо хуб медонанд, ки тоҷикон ба маризи маҳалгароӣ гирифторанду сарварон фурӯхтани замини маҳаллӣ «ғайро» баҳри хеш шараф медонанд, бинобарин пайваста фишор оварда заминҳо атрофи Воруху Чоркӯҳро соҳиб шуданду кунун ба заминҳо дар атрофи Хуҷанд часпидаанд. Коршиносон мегӯянд, ки қирғизҳо хуб медонанд, ки яке аз фарзандони президент молашро бо роҳи қочоқ аз хоки онҳо вориди Тоҷикистон месозад, бинобарин қирғизҳо аз ваъзият истифода бурда заминҳои тоҷиконро дар Исфара аз худ карда истодаанд, барои онки исфарагиҳо муқобилият нишон надиҳанд, президент ду ҳамшаҳриашро роҳбари Исфара таъин намуд, Исфараро сарнавишти Мурғоб интизор аст.


              Исфара. Чоркӯҳ. Мазори Лангари моҳиён. Дар ин ҷо оромгоҳи Умар инб Адбулазиз(Садри Шаҳид), олими асри ХIII ҷойгир аст.
Қирғизҳои мусаллаҳ, ки аз тарафи чекистони кишвари ҳамсоя дастгир мешаванд заминҳои тоҷикҳоро зуран аз худ мекунанд. Дар набардҳо танҳо тоҷикони бесилоҳу бесоҳиб, ки аз тарафи давлаташон ҳимоят намешаванд, кушта мешаванд.Чекистони тоҷик онҳоеро, ки барои дифои замини бобогиашон бармехезанд зери фишор мегиранд, то ба қирғизҳо муқобилят нишон надиҳанду то биснеси фарзанди Ҷаноби Олӣ халал наёбад. Бисёр фарзандони ба ору номуси Исфара дифогарони ин сарзамин бо тӯҳматҳо ба паси паҷара афтоданд, ё кушта шуданд. Исфарагиҳо бовари комил доранд, ҳамшаҳриҳои Ҷаноби Олӣ, ки пайваста дар фикри ҷайбу маишати  хешанд - онҳоро аз қирғизҳои мусаллаҳ дифо мекунанд. Онҳо бидуни махаллӣ хеш ҳамшаҳриёни хеш касеро дифо нахоҳанд кард, зеро руйдоди ҷанги таҳмилӣ инро борҳо собит намуд. Исфара баҳрашон на ин ки пораи Ватан, балки замини мардуми бегонаесту бас.Қирғизҳои Мурғоб дарк менамояд, ки ватанашонро чӣ сарнавиште интизор аст, тадриҷан ба Қирғиситон кӯч мебандан. Исфарагиҳо куҷо хоҳанд рафт?
   Ононе, ки вируси М ро паҳн месозанд, барои миллати тоҷикро боз ҳам парокандаву заифтар сохтан кунун вожаи «кӯҳистонӣ» ро ба кор мебаранд, ҳоло онки 93 % Тоҷикистон кӯҳсор мебошад, боз тоҷикро бо роҳи сунъӣ ба кӯҳистонию водинишин ҷудо месозанд. Бисёриҳо даст бар сина зада (академикҳо, профессорон, олимон, адибон, рӯзноманигорон, мансабдорон, дипломатҳо…) кӯҳистонӣ будани хешро пайваста зикр карда меистанд, яъне - ман тоҷикӣ одди не, балки кӯҳистониам. Бисёре аз онон хиёнатҳои ба миллатшударо танҳо аз тоҷикони водинишин мебинанд. Ҷанги таҳмилии Тоҷикистон собит намуд ки аз куҷо ва аз кадом маҳал баромадани шахс чизеро муаян намекунад. Хоин дар водӣ ҳам хоин мемонаду дар кӯҳистон ҳам хоин.
   Ононе, ки кӯҳистони будани хешро пайваста зикр мекарданд: Сафаралӣ Кенҷаев, Сангак Сафаров, Муҳриддин Ашӯров барои ба вартаи хунин кашидани Тоҷикистон саҳми асосӣ гузоштанд. Яке баҳри мансаб шуда кишварро ба вартаи носуботӣ афканда бо лашкари ӯзбек пойтахти тоҷиконро забт кард, дертар лашкараш водии Ҳисор, Душанбе, аз Кофарниҳон то Тавилдарро аз рӯҳониёну тарафдорони нерӯҳои демокративу исломӣ, бадахшениёну ғаримиён бераҳмона «тоза» кард. Дигари бо муллои КГБ, котиби райкоми «таҷовузшуда», муаллими дуторӣ, мардумро ба по хезонда ба Душанбе оварда ба ҷанги шаҳрвандӣ поя гузошт, бо дасти худ сарвари вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро кушт, силоҳбадастонаш бо дастаҳои лақайю ӯзбеку араб, нерӯҳои низомии Ӯзбекистон, гурӯҳи полковник Квачков, ӯзбекҳои Дӯстум пайваста вилояти Қургонтеппаро аз тоҷик тоза кард ва мардуми фирориро ба самти Афғонистон танг намуда дар оби сарди Панҷ ғарқ сохт, то зинда мондагонашон абадан ба ватанашон барнагрданд. Сеюмин барои онки двизияи 201 ба ҳисоби Тоҷикистон нагузарад, бо ширкати хешовандонашу тарафдоронаш Р. Набиевро дар фрудгоҳи Душанбе маҷбур бинмуд, ки ба истеъфо биравад, то двизияи 201 чун неруи мустақили низомии Кремил дар кишвар бимонаду тоҷикон соҳиби артиш нагарданд, дертар барои ба қудрат омадани «ҳокимияти конститусионӣ» тоза кардани кишвар аз оппозисия саҳми азим бигузошт. Коршиносони ӯзбек «хизматҳои» Сафарали Кенчаеву Санкак Сафаровро баҳри саркуб кардани ҳаракати озодихоҳи тоҷик, ки барои кишвари ҳамсоя хатари зиёде дошт - эътироф мекунанад. Муҳриддин Ашӯров дертар барои хизматҳояш: дар ҳайати Руссия нигоҳ доштани дивизия 201 ва ширкаташ дар ҷанги дуюми Чеченистон бо унвони Қахрамони Руссия мушарраф гардид.
   Як соҳибмансаби воломақоми ҳокимияти Р.Набиев, ки пайваста кӯҳистонӣ будани хешро таъкид карда меистод, соли 1998 чанд моҳ дар урдугоҳи генерал Дӯстум зиста интизор буд, ки кай ӯзбекӣ афғон Абдурашиду ӯзбекӣ тоҷикистонӣ Маҳмуд ӯро ба Хуҷанд бурда бо дуои сарвари ӯзбек Ислом Каримов Раиси ҷумҳур эълонаш мекунанду Тоҷикистонро чун Корея ба ду қисм пора мегардонад... Кӯҳистонии дигар - пири коммунистони тоҷик, солҳои 90-ум бо тарадоронаш 1 миллион имзо гирд овард, то Тоҷикистон, чун вилояте ба Руссия пайваст шавад.
   Соли 1961 Кремил бо кумаки як кӯҳистонии мансабпарасте давлати қавии Точикистонро зери сарварии Турсун Улҷабоев (котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон) Назаршо Додхудоев (Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон) сарнагун намуд 700 - 900 нафар беҳтарин фарзандони кишвар аз вазифаҳо барканор шуданд, ба зиндон афтоданд ва ё ҳукми қатл гирифтанд. Кремил мансабпарастро «баҳри хизматҳояш» дар кишвари ҷаҳони сеюм сафир таъин кард. Пас аз солиёни дарозе ӯ дар зодгоҳаш пайдо мешавад, мардум дар кӯчаҳои деҳашон марди шортпӯшу дар дасташ сагчаеро гирифта гаштугузоркунандаро дида ангушти ҳайрат мегазиданд…
   Як кӯҳистонӣ, ки дар Хоруғ мансаби ҳизбиро бар душ дошту Фронти Халқии Каримов ба ӯ мансаби баландеро раво дид, дар кабинети барҳавои хеш нишаста мафтуни мансабу мақоми ҷадиди хеш гашта зи хушнудӣ меболид. Ва дар ин лаҳзаҳо бошад полисияи махфию лашкари Ӯзбекистон бо кумаки туркони маҳалию тоҷикони бародаркуш дар кӯчаҳои Душанбе бадахшониёнро шикор мекарданду модарони гирёну нолон ҷасади фарзандонашонро меҷустанд. Соли 2012 дар моҳи шарифи рамазон Хоруғ дар иҳотаи артиши 3 ҳазора афтоду манзилҳо хароб мегаштанду месӯхтанд, афсарон ба сари сарбозони гуруснаву озмоишнадида фарёд мекарданд ки ...... бояд нобуд сохт… Ва дар ин лаҳзаҳои хунин боз садои ин шахси бо дуои пири туркон ба мансабрасида ба гӯш расид, ки ин иқдоми «ҳокимияти конститутсионӣ» нисбати бадахшониён друст аст…
   Танҳо афкори бемору бо вируси М заҳролудгашта чунин андешаҳоро тавлид месозад, ки дар як муҳит қаҳрамонону дар дигаре танҳо хоинон ба арзи ҳастӣ меоянд. Хоин - дар ҳама ҷо хоин аст.
   Тоҷикон дар муҳоҷират сарсону саргандон гашта бо чашми хеш диданд, ки чӣ кӯҳистону водинишин, чӣ шимоливу ҷанубӣ, чӣ сунимазҳабу шиамазҳаб - баҳри бегонгон тафовуте надорад, ҳама барои онҳо намоядагони миллати бесоҳиби тоҷиканд, ки баҳри пораи ноне сарсону саргардонад…
   Тоҷикони аз кӯҳистон ба водӣ фароварда шуда дар Турсунзода ба тоҷикони маҳаллӣ бо назари бегона менигаристанд. Лаҳзае ки лашкари Ӯзбекистон, дастаҳои каллабури ӯзбекони регарӣ ба қатли омми ононо пардохтанд, тоҷикони маҳаллӣ бетарафиро ихтёр фармуданд. Вақте ки ӯзбекон ноҳияро аз кӯҳистониён тоза карданд, ноаён аз паси тоҷикони маҳаллӣ гаштанд…
   Мансабдорону депутатҳо масоҳати 1300 км² ду баробари кишварҳое, чун Сингапуру Баҳрайнро ба Чин дода онро “ғалабаи дипломатияи тоҷик” хонданд (коршиносон мегуянд, ки ин замин ба ивази 500 миллион доллар фурӯхта шудаст) бори дигар собит месозад, ки аз баромади маҳаллӣ инсон чизе вобаста нест. Дар парламент танҳо ду нафар наҳзатӣ зидди ин амали ғайриконститутсионӣ баромад, агар он рӯз ба овоз гузошта мешуд, ки ҳамаи буду набуди Тоҷикистон бо мардумаш ба Чин дода шавад, депутатҳо якдиллона овоз медоданд, зеро мансабдорони мо зи ҳисси миллию кишвардорӣ маҳруманд, вале ҳисси маҳалгароиашон ба 1000% мерасад. Онон аз Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Ҳоҷаев, Абдурауф Фитрат… чӣ тафовуте доранд? Ҳадафи ин равиш - ба кӯҳистонию водинишин, шимолию ҷанубӣ, сунию шиа... ҷудо намудани тоҷик, миллатро заиф сохтану пароканда кардан аст.
   Сатҳи интеллекти депутатҳои тоҷик ончунон «баланд» аст ки бештари вақташонро бо бозиҳои тифлонаи компютерӣ мегузаронанд. Колхозчиву тракторчии дирӯзаро ба гарданаш галстук биовезиву шиму костюм пӯшониву бар сараш кулоҳ ниҳӣ – ғайриимкон аст ки он ба сиёсатмадор табдил биёбад. Мансабдорони беҳунару бесаводи тоҷик шармандавор дар суди Лондон мурофиаро бо Аваз Назаров бой доданд, зиёда аз 200 миллон доллари Тоҷикистон ба бод рафт. Як дипломат дар хотираҳояш навиштааст, ки ба кару фари мансабдорони тоҷик нигариста бовариат намеояд, ки дар яке аз қашоқтарин кишварҳои ҷаҳон ҳузур дорӣ.
   Ҷудосозандагон нақшаҳои “дӯстони” моро пиёда меукнанд, зеро ҳангоми парокандашави неруи зеҳнию ҷисмонии миллат заиф мегардад. Шаҳрҳои қадимаи тоҷикро низ кӯҳҳо иҳота намудаанд, вале онон худро кӯҳистонӣ наметарошанд, зеро ин яке аз нишонаҳои авомист.
   Дар Афғонистон ҷудо шудани тоҷикон ба бадахшонӣ, панҷшерӣ, ҳиротӣ мавқеи паштунҳоро қавӣ сохту дар Тоҷикистон парокандагии тоҷикон ба бадахшонӣ, кӯлобӣ, суғдӣ, ғармӣ…мавқеи неруҳои берунаро мустаҳкам бинмуд, то зуран ба гардани тоҷикон ҷанги шаҳрвандиро бор бикунанду ҳамаи дорои кишварро ба ғорат бибаранд.
   Бузургии ислом дар он аст ки миллату қавмҳои мухталифро зери парчами Илоҳӣ гирд оварда ба бузургтарин дини муосир табдил ёфт. Бадбахтии маҳалгароён дар он аст ки миллати ягонаро пора - пора сохта ба як тудаи беҳуқуқу бесоҳибу ғулому мардикор табдил доданд.

                                                          Хуҷанд андар оғӯши кӯҳҳои Мевағул


                                                                 Деҳаи тоҷикнишини Боғистон
Зодгоҳи Раҳматулло Зоиров, ки дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистону Қирғизистон дар оғӯши кӯҳҳо ҷойгир шудааст. Ҳеҷ кас нашунидааст, ки Зоиров худро кӯҳистонӣ хонда бошад. Ин деҳа зодгоҳи бисёре аз бузургони олами ислом ба ҳисоб меравад, яке аз онҳо Ҳоҷа Аҳрори Валӣ (1404 - 1490) мебошад. Аммо маризони бо вируси М заҳролуд гашта, пайваста мекушанд онҳоеро ки берун аз саҳради имрӯзаи Тоҷикистон таваллуд шудаанд турк хонанд, то дигар Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикон нагардад, сафи тоҷикон наафзояд, кадрҳои беҳтарини тоҷик дар хизмати дигар миллатҳо бимонанд. Аз солҳои 20 то оғоз солҳои 90 тоҷикони беруна дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон саҳми бузург доштанд, сиёсати пешгирифтаи "ҳокимияти конститутсонӣ" тоҷиконии берунаро фавран ҷосус ва ё ӯзбек эълон мекунад, намегузорад, ки тоҷикони Осиёи Миёна худро миллати воҳид ҳисоб бикунанд. Тоҷикони беруна бо ҳазор як умед вориди Душанбе мегарданд, вале маҳалгароён фавран ба рӯяшон мекашанд, ки шумо баҳри мо бегонаед. Маҳалгароён дар хизмати пантуркистон истода мекушанд, то қисмҳои пора - пора гаштаи тоҷик бо ҳам наоянду сафи миллат нафазояду тоҷикони беруна ноаён ба турк табдил биёбанд. Бисёре аз маҳалгароёни ашадди худ аз туркону муғулнаждодони тоҷикшуданд.

                                                                                                                Равшанбек Собиров
Равшанбек Собиров. Нахустин тоҷике ки дар вазифаи баланди давлатии Қирғизистон нишаст. Сарвари созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ, ки ба тоҷикони дохиливу беруна кумакҳои зиёде бинмудааст. Вақте ки ӯ ба мансаби вазири бирасид, ҷомеаи тоҷик хушнудӣ хешро пинҳон дошта наметавонист, вале лаҳзае ки ӯро бо туҳмат паси панҷара афканданд, ҳамагон мӯҳри хомӯшӣ бар лаб бизаданд. Ҷомеаи шаҳрванди Қирғизистон интизор буд ки ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба Бишкек масъалаи Равшанбек Собиров ҳали мусбати хешро хоҳад ёфт. Аммо на президент, на аҳли рикобаш Равшанбек Собировро ҳатто ба хотирашон наоварданд, зеро ӯ баҳрашон зодаи маҳаллӣ ғайр буду бас. Вале мансабдорони воломақоми тоҷик барои хешовандашонро аз маҳбаси Русия берун кашиданд таёраи русро бо ҳавонавардонаш ба гаравгон гирифтанд. Дар ҷавоб Кремил муҳоҷирони тоҷикро зери фишор гирифт ва зиёда аз 3 ҳазорашро депортасия намуд.
   Ҳоло як гурӯҳ «олимони» ба шарофати Фронти Халқӣ соҳиби унвонҳои академику профессор шуда, ки мағз андар мағз бо вируси М заҳролудгашта, кушида истодаанд, ки забони адабии тоҷикро, ки дар Бухорову Самарқанд ташаккул ёфтааст, бо лаҳчаи хеш иваз кунанд ва гурӯҳи дигар дар кушиши онанд, ки пойтахт ба минтақаашон кӯчонида шавад. Гарчанде, ки дар замони шӯравӣ қисми зиёди аҳолии Душанберо русзабонҳо ташкил мекарданд, вале тоҷикон ба забони адабӣ сухан меронданд, кунун забоне, ки аз он наҳкати Бухоро меояд ҷойи хешро ба лаҳчаи Фронти Халқӣ, ки бо вожаҳои феня (забони олами ҷиноӣ) омезиш ёфтааст додааст. Оё ин лаҳҷа миллати тоҷикро, ки намояндагони лаҳҷаҳои мухталифро дар бар мегирад бо ҳам оварда нақши забони миллатро муттаҳидкунандаро ба ҷой оварда метавонад, то ҷойгузини забони ашрофзодагони Бухоро гардад? Самарқадиёну бухориёне, ки ба пойтахт меоянд низ зикр мекунад, ки забони Душанбе ниҳоят дурушту кӯчагӣ гаштааст. Ононе ки пойтахти ҷадиди тоҷиконро бунёд карданд, мекушиданд, ки он ҷойгузини Бухорои Шариф бошад. Забон, одобу рафтори Бухоро тадриҷан маҳв мегардад (дар бораи беодобиву дағалӣ, зуроварию пулситонӣ, гумшавии боғочи мусофирон...дар фурӯдгоҳи Душанбе расонаҳои ҷаҳонӣ пайваста менависанд. Фурӯдгоҳи Душанбе «ангуштнамо» бигашт, бори нахустин дар таърихи ҷаҳони муосир диломатҳою сафоратхонаҳои хориҷӣ аз «меҳмонавозии» тоҷикон ба дод омада ба президент муроҷиат намуданд. Хориҷиён аз фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон гузашта боварии комил ҳосил мекунанд, ки дар ҳақиқат тоҷикон миллати "кӯҳану ориёнаждоданд" Шояд он ягона фурӯдгоҳи байналмилалии ҷаҳон бошад, ки кормандонаш бо миҷозон на бо забони давлатӣ, балки бо лаҳчаи деҳаи хеш сухан меронанд) дин мубини ислом, ки нишонаи олии Бухорои Шариф аст, имрӯз дар Душанбе пайваста зери фишор аст, мансабдорон мекушанд шумораи масҷидҳо коҳиш ёбаду дар пойтахт садои азон шунида нашавад. Аҷнабиён дар шигифтанд, чӣ тур хешро ворисони Бухорои Шариф мехонанду боз Дини Илоҳиро зери фишор мегиранд. (Туркия кишвари исломиест, ки аз ҳама зиёд масҷидҳоро дорост. Сатҳи зиндагии Туркияю Тоҷикистон ҳатто қобили муқоиса нест. Вақте ки президенти Туркия дар намози ҷуъмаи Душанбе ширкат варзид, мансабдорони тоҷик шигифтзадда гаштанд) 

                                                                                       Бухорои Шариф - Модари шаҳрҳои ирониёни шарқӣ
Бухорои Шарифро болшевикон бо кумаки ҷадидон, туркҳои усмонӣ, полкҳои тотор, хоинону ҷосусон аз ҳисоб бухориён бераҳмона торумор бинмуданд, то дар ин шаҳри муқаддас аз ислому забони форсӣ ному нишоне намонад. Болшевикон намехостанд, ки Бухорои Шариф тавассути дини мубини ислому забони форсӣ фазои азими Авруосиёро зери назорат дошта бошад ва вазифаи асили хеш дили Мовароуннаҳро бар ҷой биоварад. Амир Олимхон(ба гуфти падараш Амир Абдулаҳад – Гови Олим) неру дифои ин шаҳри муқаддасро надошт, ва чун «амирони» муосир ҳамеша банди айшу ишрати хеш буд. Кунун ворисони Амир Олимхон мекушанд, қабри падарашонро аз Афғонистон ба Ӯзбекистон ва ё Тоҷикистон оваранд, вале ин кишварҳо ризояти хешро надоданд. Вақте ки Бухорои Шарифро рӯҳан маҳв сохтанд, соҳибони асили ин шаҳри муқаддас тоҷикон низ тадриҷан рӯ ба таназзул ниҳоданд ва аз шаҳомате, ки то 2 сентябри соли 1920 доштанд, дигар ному нишоне намонд. Болшевикон баҳри ҳадафҳои сиёсиашон имкон доданд, то тоҷикон порае аз Аморати Бухороро соҳиб шаванд. Неруҳои аҳриманӣ баҳри маҳви Бухорои Шарифу миллати тоҷик се тоҷикро истифода бурданд – Файзулло Ҳоҷаев, Абдурауф Фитрат, Абдулло Раҳимбое. Вақте ки қазоқ Султонбек Хоҷанов манфиати тоҷиконро дифо мекард, тоҷик Абдурауф Фитрат вуҷуд доштани миллати худро инкор мекард. "Фитратро бояд кушт ва сари гураш бо фиғон ва талх бояд гирист" - Баҳои Садри Зиё ба шахсияти Фитрат. Неруҳои аҳриманӣ ҳангоме порашавии империяи болшевикон боз ду тоҷикро - Сафарали Кенҷаев ва Сангак Сафаровро зи кулвори хунинашон берун оварданд, то бо дасти онон қабри тоҷикро бикананду пораи Аморати Бухоро дар дасти тоҷикон мондаро низ бо дасти хоинони тоҷику қабилаҳои турку муғули берунаву дохила ба фазои туркӣ табдил бидиҳанд. Агар соли 1920 болшевикон ба ашрофзодагони тоҷик такя намуда Аморати Бухороро нобуд сохтанд, лаҳзаҳои ба партобгоҳи таърихӣ фурӯ рафтанашон ба авомзодагони тоҷик такя намуданд. Ҳадафи болшевикон аз рӯзи нахустини ба ин сарзамин пойи номуборакашонро гузоштан, рӯҳану ҷисман маҳв кардан ирониёни шарқӣ буд, зеро дину диндории ин мардум писандашон набуд. Ҳангоме ки тоҷик Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (Бачаи Сақо) қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт болшевикон ба Афғонистон лашкар кашида то Мазори Шариф пеш рафта, талаб карданд, ки Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз мансаб ба фоидаи намояндаи паштунҳо Нодиршоҳ даст кашад, вагарна аз хоки Афғонистон берун нахоҳанд рафт. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пас аз онки аз мансаб даст кашид ӯро бераҳмона ба қатл расонданд. Декабри соли 1979 ворисони болшевикон дар асоси нақшаи Андропов, Громико, Устинов вориди Афғонистон шуданд ва фавран вуҷуд доштани миллати тоҷикро дар ин кишвар инкор сохтанд, мегуфтанд ки дар Афғонистон ду миллати асосӣ - паштунҳо ва ӯзбекҳо зиндагӣ доранд. Агар болшевикон солҳои 30-ум аз Афғонистон берун намешуданду он ҷо мемонданд, дар он ҷо низ тоҷикро ба паштуну ӯзбак табдил медоданд. Империя Рус низ ба тоҷикон хушбин набуд, амирро маҷбур сохтанд, то рӯзномаи «Бухорои Шариф»ро бандад, то мардуми Авруосиёро аз таъсири мактаби дини Бухорои Шарифу забони форсӣ дур нигоҳ доранд. Николайи II пеш аз онки инқилоби феврали аз мансаб барканораш намояд дар сар нияти ба империяи Рус пайвастани Тибету Иронро мепарварид. Болшевикон соли 1941 бо инглисҳо вориди хоки Ирон шуда Ризошоҳро сарнагун сохтанд ва қисми шимоли Ирон ба ихтёри шӯравию кисми ҷанубаш ба ихтёри инглисҳо гузашт, болшевикон кушиданд дар Озорбойҷону Курдистон давлатҳои лухтакмонанди хешро созмон дода сипас онҳоро ба ҳайати СССР ворид созанд, вале фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷбурашон кард, то СССР аз ин нақшаҳои ғосибона даст кашад. Болшевикон дили миллати тоҷик – Бухоро бурида ба бадани бегона пайвастанд, то ин миллат аз саҳифа таърих нопадид гардад. Дили сунъние, ки (Душанбе) сохтанд, болшевикон пеш аз маргашон онро ба ихтёри ворисонашон аз Туркфронт(Фронти Халқӣ) гузоштанд ва ононро бо танку силоҳ бо кумаки лашкари кишвари ҳамсоя вориди пойтахт намуданд ва ворисони Туркфронт Душанберо ба яке аз шаҳрҳои «шукуфон»и олам табдил доданд. Хусусан иронинён вориди ин кишвари форсизабон гашта аз «одобу гуфтори» «Душанбеи шукуфон» ангушти ҳайрат мегазанд. Ворисони Туркфронт мекушанд, ки дар ин шаҳр садои азон шунида нашаваду наврасон вориди масҷид нагарданд, мардону ришдору занони ҳиҷобдор дар хиёбонҳояш гаштузор накунанд, мардум дар фазои насрониву ғарбиву зиндагӣ бинмояд, сафи майкадаву фоҳишахонаҳо афзояд, забони кӯча бо омезиши феня аз вазоратхонаҳо то майкадаҳо садо бидиҳад.- Ворисони Туркфронт имрӯз деҳаҳои хешро аз Бухорои Шариф кӯҳантар меҳисобанд ва гӯё тамаддуни ирониёни шарқӣ(тоҷикон) дар ин деҳаҳо арзи ҳастӣ намуданду ҳамаи бузургони миллати мо дар ин деҳаҳои то дирӯз баҳри таърих ноаён таълим гирифтанд. Ворисони Туркфронт доктринаи болшевиконро ба мардум талқин месозанд, ки гӯё пеш аз инқилоби Октябр миллате бо номи тоҷик вучуд надошту ҳама саросар бесаводу гулу нодон буданд. Нашармида мегуянд, ки ба шарофати инқилоби болшевикон онҳо одам шуданд, гӯё ки гузаштагонашон чорпоён буданд. Бохти Бухорои Шариф, зери пой шудани оромгохи бузургони мо, махви дину диндорон, алифбою китобоҳои мо, марги 400 ҳазор инсону фирори шудани 1 миллион мардум ба хотири ворисони Чингизу Ленин намерасад. Миллате, ки 100 сол пеш ба кишварҳои Авруосиё рӯҳониёну шогирдони мактабҳои худро баҳри қавӣ сохтани дини мубини ислом мефиристод, имрӯз чун ғуломон баҳри сохтумонҳои олигархони русу наркокурерҳои наркомафияро мефиристад. Вақте ки масхарабозон, продюсерон, сиёсатшиносон, олимони... арманӣ тавассути телевизион, синамо, радио, матбуот номи миллати моро бо чирк даромехта моро одам намеҳисобанд, ворисони Туркфронт дар ресторанҳои арманиҳои Душанбе нишаста сархуш зи шароб ба соҳибони тарабхонаҳо зи дӯстиашон бо арманиҳо ҳарф мезананду чӣ тур ба лашкарҳои бегона пайваста дар амалиётҳои тоҷиккуши ширкат варзиданашонро ситоиш мекунанд… Ягон деҳаи бо зури Калашников шаҳр шудаву ва андар оғӯши хеш «бузургони» қавмҳои турку муғулро парварида ҳеҷ гоҳ ҷойгузини Бухорои Шариф шуда наметавонад. Миллатие, ки гузаштаашро пеши пой мезанад оянда надорад…
   Ҷанги шаҳрвандӣ деҳотиёнро шаҳрнишин бинмуд, онон тарзи зисти пойтахтро напазирутфа зуран урфу одат, лаҳҷаи хешро ба сари он бор мекунанд. Хориҷиёни забони адабиро омӯхта ба Душанбе меоянду ҳайрон мегарданд, ки касе забони ононро намефаҳмаду касе ба он сухан намеронад, ва аз бо адабӣ сухан рондан атрофиён ҳазар мекунанд. Пойтахт бояд бо тарзи гуфтору рафтораш барои атрофиён намуна бошад, вале Душанбеи наврас чун Бухоро солхӯрда неруи онро надорад, ки аз фарҳанги деҳотиён хешро дифо кунад. Дар ҳамаи  идораҳои давлатӣ аз қасри президент сар карда  то мактаби деҳаи дурдастарини кишвар забони адабиро инкор мекунанд, гарчанде, онро расман ғайриқонунӣ эълон накардаанд. Бисёре аз мансабдорон ҳатто дар хориҷ аз кишвар дар вохӯриҳои расмӣ бо лаҳҷаи деҳаи хеш сухан ронда атрофиёнро дар шигифт мемонанд ва зердидастонашонро маҷбур месозанд, то бо лаҳҷаи онон сухан ронанд.

                                                                                            Намунае аз суханронии мансабдорони муосир


                                                          Забоне, ки силоҳдорони Сафаралӣ, Файзалӣ ва Бобои Сангак ба Душанбе оварданд
Дастпарварони Туркфронти Каримовро нахуст аз Хуҷанд ба Тирмиз оварданду пас аз машварат бо пири туркон савори танкҳои Ӯзбекистону дар иҳотаи спесназаш вориди Душанбе карданд. Ба шарофати «ҳокимяти конститутсионӣ» ваъзи забони точикӣ(форсӣ) ки дар даври ҳокимяти Маҳкамов мақоми давлатӣ гирифта ва ҳатто ба пешравиҳое ноил гашта буд, рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳокимони нав забони адабиро инкор мекарданду бо лаҳҷаи хеш ва ё бо русӣ ҳарф мезаданд. Рӯзноманигоре бо яке аз фармондеҳони қаттоли Туркфронт муҳосиба кардани мешавад ва ӯ бо ғазаб мегуяд, ки бо тоҷикӣ сӯҳбат кардан намехоҳад, зеро даври тоҷику забонаш тамом шуд… Он рӯзу шабҳо дар кӯчаҳои Душанбе сарбозони Туркфронт тоҷик шикор мекарданд ва яке аз рӯзномаҳои Туркия хушхабар пахш намуд, ки дар Осиёи Марказӣ боз як кишвари туркӣ пайдо хоҳад шуд. «Ҳокимяти конститутсионӣ» пурра аз одамони Ӯзбекистон ташкил шуда буд, ҳадафашон Тоҷикистонро аз тоҷик пок кардану(пеш аз ҳама аз бадахшониву ғармӣ) ва онро чун ҷумҳурӣ худмухтор зери назорати кишвари ҳамсоя нигоҳ доштан буд. Бори аввал дар таърихи кишвар ӯзбек ҷонишини якуми Раиси Шӯрои Оилии Тоҷикистон таъин гашт. Дар бисёре аз ноҳияҳои сарҳадӣ ҷаласаҳои мақомоти маҳаллӣ ба забони ӯзбекӣ мегузашт, дастгоҳҳои махсус васл намуданд, ки мавҷҳои радио ва телевизиони Ӯзбекистонро пахш мекард ва ё фармондеҳони маҳаллӣ ба ӯзбекӣ баромад мекарданд. Ба бисёре аз колхозу махаллаҳо номи сарвари кишвари ҳамсоя ё ӯзбекҳои дар тоҷиккушӣ «корнамои» нишон додаро гузоштанд.(Ӯзбекҳо дақиқ медонистанд, ки курси роҳбарии Тоҷикистонро Ислом Каримовро ба ихтиёри намояндаи қабилаи қарлуқхо гузошт) Дар долонҳои ҳокимият гуфтушунидҳо дар бораи ба забони ӯзбекӣ, русӣ додани мақоми давлатию кушодани донишкадаҳо, радио телевизион, театрҳо, рӯзномаву маҷаллаҳои ӯзбекӣ сухан мерафт. Фишори шадиди оппозистион дар майдони набард нақшҳои туркфронтчиёну соҳибонашонро ботил бисохт. Онҳое ки дар матбуот радиою телевизион кор мекарданду мутахассисони варзида ба ҳисоб мерафтанд, гарчанде, ки тарафдорони оппоситсия набуданд аз вазифаҳо барканор шуданд, ҷойи онҳоро туркфронтчиён аз ҳисоби тоҷикҳо, лақайҳо, қарлукҳо, ки на савод доштанду на мутахассис буданд, вале баромади маҳалиашон ҳокимонро қонеъ месохт, гирифтанд. Туркфронтчие дар радио вазифаи баландеро соҳиб мегардад, пайваста бо таппончааш ба зердастонаш таҳдид карда услуби корбарии «ҳокимяти конститутсионӣ» ро нишон медиҳад. Забоне аз устод Айнӣ ба мо мерос мондаро бо баҳонаи онки гӯё он забони ленинободиҳост аз ҳама ҷо ба тадриҷ ронда шуд. Солиёни дарозе ихтёри забони тоҷикӣ дар дасти яке аз маҳалгароёни ашшадӣ буд ва ӯ чун худ маҳалгароёнро дар идораҳое, ки назорати забонро дар даст доштанд, ҷой бинмуд. Як корманди масъули вазорати маориф (аз лақайҳои Файзалӣ) ҳангоми сафари кори дар Суғд ба зердастонаш фармудааст, дигар ба адабӣ ҳарф назананд, даври забони ленинободиҳо ба анҷом расид, чунки мо «тоҷикони асил» ҳокимиятро ба даст гирифтем, имрӯз дар пойтахт ҳама ба забони Ҷаноби Олӣ ҳарф мезанад, дер ё зуд шимолӣ кишвар ин забонро қабул мекунад. Агар Ӯзбекистон аз рӯйи нақшаҳояш ба курси роҳбарияти Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаевро ва ё Нарзулло Дӯстовро мешинонд, пас имрӯз ҳама бояд бо лаҳҷаи яғнобӣ ва ё дарвозӣ ҳарф мезаданд? Забон кӯча вориди идораҳои давлатӣ гашт, баъзе аз сарварон то кунун дар ҷаласаҳо ба кормандонашон бо суханони кабеҳи к… о.. муроҷиат мекунанд. Ирониён бо меҳр вориди Тоҷикистон мегарданд, то ворисони Рӯдакию Синоро бунинанд, вале ин ҷо онҳоро забони дағалӣ бо дашному вожаҳои барои форсӣ бегона, рафтору гуфтори ба ягон чорчӯбаи адаб рост наоянда интизор аст, меҳмонон нахуст гумон мекунанд ки ба порае аз Ирони Бузург нею балки ба фазои туркию муғулӣ афтодаанд. Қисми дигар ки забони Туркфронтро напазируфт худро ба оғӯши забони русӣ заданд, дар хона, кор, кӯча бо русӣ сухан меронанданду бо нафрат ба забони бесоҳибмондаи модариашону дини мубини ислом нигариста худро намоядаи фарҳанги славянӣ меҳисобанд, баъзеашон аз дини бобогиашон низ даст кашиданд. Се депутат, ки ду нафарашон бо тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд, парламентро маҷбур бинмудан, то аз қонун забони давлатӣ калимаи форсиро бардорад. Тоҷикистон пайваста мекушад, ки робитаҳои фарҳанги бо Ирон маҳдуд гардаду дар кишвар мактабу марказҳои иронӣ пайдо нашаванд, вале шумораи мактабҳои туркиро афзуда пантуркистони ояндаро ба воя бирасонанд. Забони имрӯзаи Тоҷикистон аз ҳама он чизе ки ба Ирону Афғонистону ҷаҳони форсӣ хос аст худро канор мегирад ва бо як забони суъние, ки дар қолиби забони русӣ сохта шуда амал мекунанд. Тоҷикистон ҳаматарафа кушид, то лоиҳаи телевизиони форсизабонон амали нагардаду омузиши ҳуруфи форсӣ дар кишвар ривоҷ наёбад. Имрӯз бисёре аз барномаву радиову телевизиони Тоҷикистон низ аз Руссия нусхабардорӣ карда шудааст, ҳатто логотипи шабакаи аввал. Дастпарварони Туркфронт худ неруи офаридаи чизеро надоранд, нашармида моли дигаронро мерабоянд. Забоне, ки бо он 235 миллион нафар ҳарф мезананду онро яке аз забонҳои кӯҳану зебои ҷаҳон меҳисобанд, дар ватанаш хору зор аст. Имрӯз агар дар Душанбе бо адабӣ ҳарф бизанед, ба шумо чун ба бегонаи аз дигар саёра омада менигаранд, фавран дар таксӣ, ресторан, бозор нархро бароятон мебароранд. Кишвар бори нахуст бе забони ягона, ки ҳамаро бо ҳам мепайвасту чун миллати воҳид муаррифӣ мекард, монд. Дар ҳама ҷо лаҳҷаи туркфронтчиён бо омезиши феня(забони олами ҷиноӣ)ба кор меравад. Манғитиён низ ривоҷӣ забони форсиро намехостанд, вале нерӯи ба он фишор оварданро надоштанд, танҳо Шашмақомро маън карда тавонистанд. Сарварони «ҳокимяти конститутсионӣ» низ кушиданд чун манғитиён Шашмақомро бекор кунанд ва суханони пирашонро ки "Шашмақом ба мо даркор нест. Бигузор ленинободиҳо дар рӯзи мотамашон гӯш кардан гиранд» ро мардум дар ёд доранд.
   Оилаҳое, ки дар рушди кишвару миллати мо саҳм гузоштаанд, кунун мекушанд фарзандонашон дар мактабхои русӣ таҳсил кунанду бо русӣ сухан ронад, ҳоло онки дар замони шӯравӣ фарзандони онон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил мекарданд. Ашрофзодагони тоҷик худро ба фазои славянӣ пайваста мекушанд хешро аз фишори фарҳанги Туркфронт(Фронти Халқӣ) бо хуну силоҳ ба пойтахт ворид шуда наҷот диҳанд. Фарҳанге, ки Сафаралӣ Кенҷаев, Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов бо кумаки генералҳо Муҳриддин Ашӯров, Рустам Ахмедов ва зери сарвари «роҳбарии хирадмандонаи» Борис Елсину Ислом Каримов бо Калашников, БТР, БМП, Т-72  ба пойтахт оварданд, дар худ тарсу ҳарос, нафрату кудурат, фишору дағалиро ҷабидааст ва намегузорад, ки миллати тоҷик бо ҳам омада зи маризи маҳалгароӣ наҷот биёбад. Танҳо забони адабӣ неруи онро дорад, гурӯҳҳои мухталифи тоҷикро бо ҳам пайваста то сатҳӣ миллати ягона бардорад. Русҳо дар аёмаш дарк бинмуданд, ки маҳалгароӣ кишварашонро ба самти порашавӣ мебарад, бераҳмона маҳалгароиро решакан карда мардуми парокандаи гурӯҳҳои мухталифи этникро зери забони ягона муттаҳид сохта империяи бузургеро ба арзи ҳастӣ оварданд.
   КГБ барои онки ҷомеаи тоҷикро пайваста зери назорат дошта бошад, гурӯҳҳои махсусе дошт, ки байни маҳалҳо низоҳо ташкил мекарданд (бештар байни тоҷикони бадахшониву кӯлобӣ) Идораҳои ҷосусӣ ҳоло барномаҳое, тарҳрезӣ намудаанд, ки тоҷикон аз миллати хеш рӯй тофта худро бо номи маҳалашон муаррифӣ намоянд, то дар оянда Тоҷикистонро ба се қисм пора созанд. Гурӯҳҳои махсуси зери назорати разведкаҳои хориҷӣ амалкунанда ба муҳоҷирон фишор меоранд, то хешро аз дигар гурӯҳҳои тоҷикон канор бигиранд, бо тоҷикӣ сухан наронаду худро тоҷик нахонанд. Агар паҳншавии вируси М -ро пешгирӣ накард, ногузир кишвар пора гашта аз тоҷику Тоҷикистон ному нишоне нахоҳад монд. Аз тарафи идораҳои ҷосусӣ дар бораи маҳалҳои мухталиф латифаву овозаҳо панҳ карда мешавад, ки дар он намояндаи ин ва ё он минтақа таҳқир ва ё масхара мегардад, то ягонагӣ байни миллати тоҷик ба вуҷуд наояд. Ба тоҷикон ноаён талқин менамоянд, ки гӯё онҳо аз уҳдаи давлатдорӣ намебароянд, зеро маҳалгароӣ дар хунашон ҷой шудааст ва бояд чун ҷумҳурии автономӣ ба сафи ягон кишвар (академику профессорони Туркфронт(Фронти Халқӣ) низ пайваста ин лоиҳаи аз берун омадаро ба омма талқин мекунанд) ворид шаванд. Ваъзи сиёсиву иҷтимои дар Гурҷистон аз Тоҷикистон беҳ набуд, (маҳалгароӣ дар байни гурҷиҳо низ ниҳоят зиёд аст) ҳангоме, ки сиёсати давлат тағир ёфту кадрҳои меҳанпараст ба сари қудрат омаданд, ин маризи бо тадриҷ рӯ ба коҳиш овард.
   Мансабдоре дар нишасте ба ситоиши маҳаллӣ хеш мепардозад - Руссия ҳамеша пушту паноҳу дӯстӣ мо кӯлобиҳо хоҳад монд, зеро кишварро пурра ба ихтёри Руссия гузоштем… Марди солхӯрдае мегуяд, ки баҳри империяҳо дӯст вуҷуд надорад. Руссия соли 1920 - мо пӯшту паноҳи шумоён гуфта бо дасти як гурӯҳ бухориён Бухорои Шарифро нобуд карда бо кумаки онҳо ҳамаи он чизе ки ба тоҷикон мансуб буд ба ихтёри ӯзбекҳо гузошт, 46 сол бо дасти ленинободиҳо ҳокимиятро дар Тоҷикистон зери назорат гирифт. Вақте
ки ленинободиҳо нодаркор шуданд бо кӯлобиҳо дӯст гашта бо дасти онҳо ғармиёну бадахшониёнро
Роҳе, ки ҷайби шимолиёну ҷанубиёнро пайваста меафшонад, дилҳоро зи ҳам дур месозад, заминаро барои афзоиши вируси М меафзояд
торумор намуда қарлуқу лақайҳоро ба сари давлат шинонд. Ҳоло дар атрофи помириҳо тор танида онҳоро ба худ наздику аз тоҷикон дур андохта, Бадахшонро оянда аз Тоҷикистон ҷудо кардани… Рӯзе, ки кӯлобиҳо нодаркор шуданд бо дасти ягон гурӯҳ онҳоро сарнагун карда гурӯҳӣ заруриро ба мансаб мешинонанд. Империяхо пеш аз ҳама манфиатҳои хешро ба инобат мегиранд, барои онҳо кӯлобию ғармӣ помирию ленинободӣ аз лухтак беш нестанд…

   Вируси М натанҳо дар муносибати байни одамон ва маҳалҳо ба назар мерасад, балки тамоми соҳаҳоро фаро гирифтааст: сиёсат, артиш, идораҳои давлатӣ, илм, адабиёт, матбуот, телевизион, радио, донишкадаҳо, мактабҳо, саноат… Ҳатто дар роҳ, ки дар он ҳисси маҳалгароӣ набояд ба чашм расад низ вируси М реша давондааст.

Ҳамаи роҳҳои кишвар аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ сохта шудааст, маризи маҳалгароӣ мансабдорон ба он оварда расонд, ки маҳз барои шимолиҳо рафту омад ба дили кишвар – Душанбе пулакӣ шуд. Мардум ин муносибати ноодилонаи давлатдоронро нисбат хеш дарк карда худро дар ватанашон бегона мепиндоранд. Ҳисси маҳалгароӣ ба либос низ таъсир
Зикри маҳал дар тоқӣ муд шудааст.
Кор то дараҷае расидааст ки зоирони
тоҷик бо тоқиҳои рақамдор, ки дар он
номӣ маҳалашон зикр шуданд, дар
Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара
гашту гузор намуда намояндаи кадом маҳал
буданашонро ба атрофиён хотиррасон мекунанд.
Агар ин анъана идома ёбад дар оянда реҳлат
намудагонро низ бо тоқие., ки дар он номӣ
маҳалашон сабт гаштааст, ба гӯр мегузоранд

гузоштааст. Тоҷикон тоқиҳои мухталифи зебо доранд ва ҳеҷ гоҳ тоҷик дар тоқиаш наменавишт, ки ӯ намояндаи ин ва ё он маҳал аст, кунун дар тоқӣ зикр кардани маҳал муд шудааст. Дар консертҳо маҷбур месозанд, ки танҳо либоси як маҳал(чакан) муаррифӣ карда шавад, либосҳои Самарқанду Бухорро бошад аз ҳама ҷо танг мекунанду ва онҳо ба тадриҷ молӣ ӯзбекҳо гашта истодааст. Яке аз қашоқтарин кишварҳои дунё ба маркази чашнҳои пурдабдабаю серхарҷ (коршиносон мегуянд, ки танҳо барои парчами "балантарини ҷаҳон" -135 ва чойхонаи "калонтарини ҷаҳон" -60 миллион доллар сарф шудааст) табдил ёфтааст.

   Кунун ҳар маҳал мекушад, ки бо дабдаба ҷашни хешро гузаронида собит созад, ки таърихаш волотарину кӯҳантарин асту маҳз ба шарофати онон кишваре бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад. Қаҳрамоние, ки Конибодому конибодомиён нишон доданд дар таърихи навини тоҷик бемисл аст. Феврали соли 1925 конибодомиён поезди Раиси ВСИК Михаил Калининро, ки ба самти Фарғона ҳаракат мекард,

нигоҳ дошта аз ӯ хоҳиш карданд, ки то волосташонро ба Тоҷикистон бипайванданд ва ё мухторият бидиҳанд, зеро онҳо тоҷиканд. Конибодомиён бо ин амалашон на танҳо Конибодомро, балки
Конибодомиён дар назди поезди Калинин
Исфараву де
ҳаҳои тоҷикнишини атрофро наҷот доданд. Дертар сарварони ин иқдом Аъзам Нодиров ва Маҳмудҷони Ашурмуаҳаммадзодаро - Маҳмудҷон ревком(падари асосгузори филмҳои мазҳакавии тоҷик Муқаддас Маҳмудов) баҳри амали густохонаашон ба лагерҳои сталинӣ партофтанд, Аъзам Нодиров дар он ҷон дод. Имрӯз дар Тоҷикистон мекушанд, ки дар бораи каҳрамони конибодомиён дар матбуот чизе пайдо нашавад, заминфурӯшӣ имрӯзаи ҳокимонро чӣ тур ба мардум шаҳр бидод, зеро 350 гектар замини Ворух, ки Изатулло Ҳаеёв ба Қирғизистон бахшиду заминҳое, ки имрӯз пайравонашу ҳамқавмонаш ба қирғизҳо ҳадя мекунанд, ҳамон заминҳоест, ки конибодомиён соли 1925 аз коми Ӯзбекистон берун кашиданд.
   Кишваре, ки дар ҷанги таҳмилӣ 150 - 375 ҳазор фарзандонашро аз даст дод, даҳҳо ҳазор нафар ҳангоми «чисткаҳои» Фронти Халқӣ ба қатл расида дар қабрҳои умумӣ зери хоканду то ҳол шаҳидони ҷангӣ бародаркуширо бо урфу одати бобогӣ дафн насохтанд, садои тавбаю надомат ба гӯш намерасад, фазоро суруду рақс, ситошу мадҳияхонӣ дар сифати туркфронтчиён фаро гирифтааст. Ҳар сол мансабдорон, созмонҳои ҷаъмиятӣ, матбуот 25 нафар сарҳадчиёни дар пойгоҳи 12- ум (13 – 07 – 1993 с.) ҳалок гаштаро ба ёд меоваранд, вале касе 150 – 375 ҳазор қурбонии ҷанги Тоҷикистонро ба хотир намеорад.
   Адабиёти солҳои 90-ум ба ситоиши силоҳбадастони Фронти Халқӣ пардохта аз қумандонҳои сархӯр "қаҳрамонҳои миллӣ" сохт. Баъзе аз адибонро маризи
Примқул Сатторӣ 
маҳалгароӣ водор бисохт, то сиҳол ба даст гирифта бо Туркфронти Ислом Каримов бипайванданд. Вақте ки каллабурони Туркфронт саврари собиқи созмони адибони вилояти Қурғонтеппа, шоир Пиримқул Сатториро аз хонааш берун оварда дар пахтазор парронданд, созмони адибони кишвар
мӯҳри хомӯширо бар лаб зад, ҳатто напурсиданд ки оилаи шоир чӣ ҳоле дорад? Вакте ки Бозор Собир дар камераи марги №18 менишаст, ҳамкасбон хостгори он буданд, ки зудтар Фронти Халқӣ ӯро нобуд бисозад. Адибон, ҳаводрони асили Туркфронт бошанд ба мансабҳои баланди давлатӣ сазовор гаштанд(Саттор Турсун, Сайф Раҳимзодаи Афардӣ ва д.), мансабҳои хунине, ки баҳри онон ҷони даҳҳо ҳазор инсонро қурбон сохтанд. Дертар бисёре аз туркфронтчиёни қаламбадасту Калашников дар кифт, ки дар қатли омми миллати тоҷик ширкат варзидаро ба сафи созмони адибон пазируфтанд (Устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода… агар медонистанд, ки бо чӣ ашхосе ононро дар як саф гузоштаанд, аз қабр бармехостанд) Пас аз ба сари қудрат омадани Туркфронт сафи созмони адибони Тоҷикистон 5 маротиба афзуд, вале дар адабиёт номи наве пайдо нашуд. Бо Калашникову туркию зурӣ маҳалгароию нафрат хушомадгуйю косалеси адабиёт ҳеҷ гоҳ нумӯъ нахоҳад кард. Адибони Туркфронт забони адабиро инкор бинмуда бо лаҳҷаи хеш баромад мекунанду менависанд, нисбати дини мубини ислом нафрат доранду аз ҳуруфоти форсӣ дар ҳазаранд, шогирдони Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим худ ба адабомӯзӣ ниёз доранд. Мактабе, ки устод Айнӣ бо ашрофзодагони тоҷик созмон дода буд, дигар вуҷуд надорад. Адабиётшиносони асилу дӯстдорони адаб дар сӯҳбатҳои маҳрамона адабиёти мазкурро адабиёти Туркфронт, Фронти Халқӣ, адабиёти Калашниковдорон, адабиёти лақайҳо… мехонанду асосгузори онро Ҳакназар Ғоибро меҳисобанд, зеро ӯ аз рӯзҳои нахустин дар сафи Бобои Сангак, Бобои Ҳайдар, Рустами Абдураҳимов истода ба сари қудрат овардани Туркфронти Ислом Каримов ҳиссаи назаррасе гузошт. Адабиёте, ки аз дардҳои мардум хешро канор гирифта ба ситоиши сарварони кишвару туркфронтчиёни собиқ банд аст, гӯё хабар надорад миллату кишвар дар чӣ ваъзи сангине қарор дорад? Дар вохӯрӣ бо президент пайваста масъалаҳои шахсии хешро мебардоранд, ҳоли муҳоҷирони бесоҳибу сарсону саргардон, буҳронҳои маънавию иқтисодие, ки кишваро фаро гирифтааст ба ёди «адибон»и Туркфронт намерасад. Тоҷикистон ба кишвари адибону рӯҳониёни дарборӣ табил ёфтааст, ки бидуни мадҳиясароию хушомад ба масабдорон чизе аз дасташон намеояд.
   Як мадиҳиясарои дарбориро наздиконаш мегуянд, ки - амак, шумо ҳоҷӣ, поятон ба лаби гӯр расидааст, куҷое ки як маҷлисиу маърака ҳаст шумо ҳозиру нозир, шарм доред аз мардум, одамойе ки парвои халқа надоранду корашон маишат, шумо онҳоро бо Сипетамену Сомонию Ғафуров баробар мекунед. - Ҳукумат худаш моя даъват мекунанд, ки - амак як меҳмони олиқадр мебиёд, чорта таъриф кунед, ки аз кори мо розӣ шуда равад. О, халқӣ мо сода, инҳо - яшан отамиз Ислом Абдулғаниевич, гуфта ин қадар одам кушта соҳиби мансаб шудан, баъд халқба хизмат мекардаст - мӣ, дунёи дурӯзешба маишаташа карда мегирад… Яктеша ҷудо таъриф карда Сталинба баробар кардам, 500 доллар буроварда дод, о, ин дусола нафақи мо… Хари лулия об тею пулаша гир гуфтен…
Қурғонтеппа. Нимпайкараи сарварони Фронти Халқӣ. Дар кишваре, ки бародаркуширо каҳрамонӣ мешуморнаду садои тавбаву надомат ба гӯш намерасад, дар гумон аст, ки файзу баракат кадам ранҷа бифармояд. “Ҳокимяти конститутсионӣ” барои онки тарафдорони Ҳокимияти Муросои Миллиро пурра нобуду салтанти хешро поянда созад артишҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистонро вориди кишвар гардонд. Думаи давлати Русия ба 33 ҳазор сарбозоне, ки дар ҷанги (1992 – 1997)Тоҷикистон ширкат варзиданд унвонии иштирокчиёни ҷангро дод. Дар Қазоқистон сарбозони собиқ даъво доранд, ки ҳокимияти қазоқ онҳоро чун иштирокчииёни ҷанг эътироф кунад, рӯзе иштирокчёни ҷанг аз Ӯзбекистону Қирғизистон ба ҳокимиятҳои хеш низ чун даъворо пешниҳод хоҳанд кард. Онҳое ки дар кишвар ба Фронти Халқӣ пайваста ба қатли омми ҳаммеҳанони пардохтанд низ даъво доранд, ки онҳоро иштирокчиёни ҷанг бихонанд. Тоҷиконе, ки бо лашкариҳои бегонаю бо ӯзбеку лақайю арабҳои маҳаллӣ пайваста ба нобуду бародарони хешу ғорати манзилу таҷовузи занону духтарон даст заданд, кунун мехоҳанд онҳоро қаҳрамон хонанд. Дар Маскав дар ресторане ба гурӯҳи сарбозони рус, ки дар ҷанг бо чеченҳо ширкат варзидаанд, полковники тоҷик пайваст шуда ба ситоиши корнамоиҳои хеш мепардозад, ки чӣ тур ӯ вовчикҳоро нобуд сохта буд… Аз ӯ мепурсанд, ки миллати вовчикҳо чист? Посух медиҳад ки - тоҷик. Мегуянд ки аз ин ҷо даф бишав, мо бо душманони худ чеченҳо ҷангидему ту бошад бародарони худро куштӣ, мо бо бародаркушон ҳеҷ умумияте надорем….
   Вируси М дар муносибатҳои оилавӣ низ реша давондааст. Бисёриҳо намегузоранд, ки фарзандонашон бо намояндаи ин ва ё он маҳал оила барпо кунанд, вале бо осонӣ бо ӯзбекҳо, лақайҳо, славянҳо, туркҳо, чиниҳо… хешу табор мегарданд. Агар Исроил кишвари сионистон бошад, пас Тоҷикистони мо ба кишвари маҳалгароён табдил ёфтааст.
    
   
Домод аз Чин. Чиниҳо на танҳо замини баробари масоҳати Сигапуру Баҳрайнро соҳиб шуданд, балки тоҷиконро дар бозори кории кишвар танг карданд. Кунун зебосанамҳои тоҷикро низ соҳиб мешаванд. Тоҷикон роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, то пайсае баҳри оиладоршавӣ пайдо кунанд, қисме барнамегарданд, ё ба доми ғуломдорон меафтанд, ё аз дасти миллатгароён кушта мешаванд, ё беному нишон мегарданд, ё ба славяндухтарон хонадор шуда дигар ёди ватанро намекунанд. Духтарони зиёде дар кишвар бешавҳар мемонанд. Сарфаҳои барзиёду беҳуда тӯйдоронро ба вартаи қарзҳои миёншикан тела медиҳад, ки аз он наҷот ёфтан ғайриимкон аст. Барои тоҷик оиладор шудану мурдаро дафн кардан вазнинтарин хароҷот ба ҳисоб меравад. Қонунуи ба низом овардани маъракаҳо амал намекунад, зеро худи ҳокимон онро поймол мекунанд. Қисми зиёди рӯҳониён ин ваъзи сангини миллатро дида мӯҳри  хомӯшӣ бар лаб мезананду парастиши сарварони кишварро вазифаи аваллиндараҷаи хеш меҳисобанд. Дар Чоркӯҳ (Исфара) тӯйҳои арзонтарини дар Тоҷикистон мегузарад, зеро рӯҳониёну фаъолони деҳа пайваста тӯйдоронро зери назорат гирифтанд, то ба сарфакорӣ роҳ надиҳанд.

Мо ната
нҳо ба маризи маҳалгароӣ гирифторем балки боз миллатгароем. Шахсиятҳои зиёде аз миллати рус, яҳудиёни рус, яҳудиёни бухороӣ, арманиҳо - Обносов, Семёнов, Павловский, Брагинский, Юдаков, Бартолд, Кимёгаров, Баласанян,

Тер-Осипов, Успенская ва дигарон баҳри миллати мо
Сулаймон Юдаков (1916 - 1990)
Агар дар Тоҷикистон "ҳаммаҳлон" медошт
шояд номи ӯ ба боди фаромӯшӣ дода намешуд
хизмат
ҳои шоёне карданд, афсус ки номашонро имрӯз бо неки ёд намекунем, вале ба номи ҳаммаҳалони хеш ки баҳри кишвар хизмате накарданду касе оноро намешиносад хиёбону кӯчаҳо мактабу муассисаҳоро мегузорем. Яҳудии бухороӣ - Сулаймон Юдаков беҳтарини гимнро барои кишвари мо офарид ва он аз соли 1944 ҳар рӯз садои медиҳад, вале тоҷикон ҳатто номи муаллифи гимнашонро намедонанд.
   Бемори саратон (рак) аз он сар мезанад, ки ҳуҷайраҳо дар бадани ягона мухторият ташкил кардани мешавад ва ягонагӣ бадан вайрон мегардаду он ногузир ба марг бурда мерасонад. Ваъзи рӯҳи миллати мо бемории саратонро мемонад, зеро ягонагӣ вуҷуд надорад.
   Дар як шаҳрчаи Сибир тоҷикон пайваста зери фишори кафқозиҳою гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ буданд, муллое пайдо шуду тоҷиконро мо намояндаи ин ва он маҳал нестем, балки мусулмонему тоҷикем гӯён муттаҳид сохт, сипас ӯзбекҳою қирғизҳоро дар атрофи тоҷикон - мо ҳама мусулмон гуфта гирд овард, фавравн мавқеи қавмҳои Осиёи Миена дар он шаҳрча тағир ёфт. Гузаштагони мо бо ин услуб Осиёни Миёнаро идора мекарданд, то бегонагон бародарони мо: қазоқу қирғизу туркману ӯзбекро зидди мо истифода набаранду ворид ин сарзамин нагарданд.

  
Маҳалгароён душманонеанд, ки аз дохил миллати моро ноаён нобуд менамоянд. Нафраташонро ба самти маҳалҳои мухталиф равона сохта фазои кишварро заҳрогин месозанд, то ягонагии миллатӣ тоҷик ба амал наояд. Деҳаи худро аз Самарқанду Бухоро кӯҳантару лаҳҷаи хешро аз забони ноби Рӯдакӣ волотар мехонанд. Ҳаммаҳалони хешро қаҳрамону дигаронро хоин мепиндоранд, намояндагони маҳаллӣ номақбулашонро фавран турк, ё ғайритоҷик, ё номусулмон эълон мекунанд. Маҳалгароён чун турку муғул мекушанд ҳамаро бо зурӣ бозу ҳал бинмоянду ҳамагон аз онон биҳаросанд. Дар рафтор, гуфтор, либос… пайваста баромади маҳалиашонро зикр карда меистанд. Мепиндоранд ки Офаридгор ин кишварро махсус баҳри онон офаридаасту дигарон дар ин ҷо меҳмонони нохондаанд. Нафрат ба дигарон ононро чун кирм аз дарун мехӯрад ва чун каждум ба атрофиён пайваста неш мезананд. Танҳо ба шарофати маҳалгароӣ онон метавонад соҳиби мансабу мақом гарданд, баҳри мансабу ҳадафҳои шахсиву маҳалашон омодаанд, ки ояндаи кишвару миллатро ба ихтёри боди фано бигузоранд. Маҳалгароӣ ин беморист - чӣ туре ки майзада бе шаробу нашъаманд бе нашъа зиста наметавонад, маҳалгаро низ агар рӯзе ба самти маҳале нафрин нафристаду ба ситоиши маҳаллӣ хеш напардозад - ором намеёбанд.
   Маҳалгарои тоҷиконро хандахараши оламиён бинмуд, зеро танҳо дар Тоҷикистон: колхозчӣ – призидент, рекетир – вазир, бензинфурӯш – банкир, кисабур – генерал, тракторчӣ – «серый кардинал», чекист – имом хатиб, одамкуш – «падари миллат» … шуда метавонад. Зеро зимомдорони ин кишвар зи фазои қонунҳои Илоҳӣ фарсаҳо берун рафта қонуниятҳои олами ҷиноию ҳадафҳои маҳалиро дастури кори хеш қарор доданд. Шогирдони Бобоби Сангаку Бобои Ҳайдар, Сафараливу Файзалӣ бо тарзи давлатдориашон ончунон обурӯйи тоҷикро резониданд, ки тоҷикӣ хору зорро бесоҳибу бепӯштро имрӯз дар берун одам намеҳисобанд. Тоҷикӣ хоргашта мекушад, ки бо номи Хайёму Мавлоно обурӯйи рехташро наҷот диҳад, вале номи бузургон ҳам номи сиёҳгаштаашро сафед карда наметавонанд. Садсолаҳо лозим то зи бадномии зуран ба сари миллат бор шуда тоҷик наҷот биёбад.
   Миллатгароёни ашаддие, ки дар Руссия хешро «руси асил» тарошидани мешаванд – ҳамагон яҳудиёнад. Дар Ӯзбекистон ононе ки хешро «ӯзбекӣ асил» меҳисобанду баҳри маҳви тоҷику Тоҷикистон камар бастаанд, худ тоҷик ва ё иронии ӯзбекшудаанд. Туркону муғулнаждодони тоҷикшудаи Тоҷикистон худро «тоҷикӣ асил» хонда тоҷикро ба қисмҳо пора месозанду байни мардум тухми маҳалгароиро мепошанд, то тоҷик ба миллати ягона табдил наёбад.
   Тоҷик сифати инсонро тавассути баромади маҳал муаян мекунад. Тоҷик дар муҳити маҳалгароён арзи ҳастӣ мекунад, афкори маҳалгароёнраро ба хеш меҷабад, чун маҳалгаро ба атрофаш менигараду чун маҳалгаро мезиҳаду бо афкори маҳалгароёна дунёро тарк мекунанд ва пеш аз маргаш ба наздиконаш хотирасон мекунад, ки маро дар мазори фалон маҳал дафн накунед. Маҳалгароён мепиндоранд, ки дар он дунё низ одамон ба бадахшонию кӯлобию суғдию ғармӣ ҷудо мешаванд.
   Дигар миллатҳоро маводи мухаддир, шароб, фисқу фуҷур ба самти нестӣ барад, миллати моро вируси М ноаён ба коми марг мекашад. Ягона роҳи наҷот зери парчами Илоҳӣ гирд омад, зеро дар фосилаи ҳазор сол миллати моро аз буҳронҳои мухталиф дини Илоҳӣ берун кашид. Бидуни ХУДОВАНД моро пӯшту паноҳе нест!
   Тоҷик ҳангоме, ки бо ислом буд тоҷдор гашт, на туркону на муғулон бо ӯ коре карда натавонистанд, вақте ки исломро аз байн бурданд, дар фосилаи кутоҳе (70 сол) аз тоҷику тоҷаш ному нишоне намонд. Имрӯз ҳам мекушанд, бо ҳазору як баҳона тоҷикро аз ислом дур созанд, то тоҷик ба асли хеш барнагардад ва рисолати асосии хеш паҳнкунандаи дини исломро дар Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ба ҷой оварда (тахминан аз 7 то 17% имомонро дар масҷидҳои Руссия тоҷикон ташкил медиҳанд) натавонанд. Вақт нишон дод, ки танҳо ислом неруи онро дорад, ки ҷомеаи моро дар атрофи дини Илоҳӣ гирд оварда аз маризиҳои мухталиф хусусан аз вируси М пок бисозад. Ононе, ки ҷанги таҳмилиро дар Тоҷикистон тарҳрезӣ намуданд бештар ба гурӯҳҳое такя карданд, зи дини Илоҳӣ дар канор мондаанд. Вақте ки рӯҳониёну шахсиятҳои маъруф ба Сафаралӣ Кенчаеву Сангак Сафаров борҳо фаҳмонданд, ки роҳи пеш гирифтаатон хатосту он ба тоҷикушӣ меанҷомад, аз роҳатон баргардед, ҳарду пайваста чун тутӣ суханони бегонагонро такрор мекарданд, "ваҳҳобиёнро бояд нест кард". Вақте ки "вазифаашон"ро ба ҷой оварданд, ҳардуро аз байн бардоштанд.
                                                                                                                      Аморати Бухоро
   Сентябри соли 1920 охирини давлати тоҷикон дар Осиёи Миёна – Аморати Бухорро болшевикон нобуд сохтанд, дертар онро байни Тоҷикистону Туркманистону Ӯзбекистон пора сохтанд, соли 1992 абарқудратҳо аз нав кушиданд, ки Тоҷикистонро пора кунанд, вале муқовимати шадиди оппозитсия ба ин монеъ шуд. Ҳоло «дӯстони мо» ба хулосае омаданд, ки силоҳи беҳтарин баҳри пора кардани Тоҷикистон и вируси М аст, зеро ин амалёт ниҳоят арзон меафтад ва бо дасти худи тоҷикон амалӣ мешавад. 

Идораҳои ҷосусии шӯравӣ аз ҳама зиёд аз дохили тоҷикон "мутахассисон" омода сохта буданд, то онҳо нақшаҳои режими коммунистиро дар Афғонистону Ирону Покистону кишварҳои араб пиёда созанд, зеро дин, забон, урфу одати тоҷикон ба ин кишварҳо наздик аст...
Набарде, ки ба таёраву танку сарбоз ва хароҷоти молӣ ниёз надорад. Бисёре аз маҳалгароёни ашаддӣ бо разведкаҳои хориҷӣ робита доранд. Вақте ки генерал Муҳаммадаёз Навҷувонов ба намояндагони оппоситсия гуфт, ки - аз Резвон ҳушёр бошед, зеро ӯ одами ГРУ(разведкаи низомӣ) касе бовар накард. Лаҳзае ки ошкор гардид, ки Резвон нияти нобуд кардани роҳбарияти оппоситсияро дар сар дорад, дарк намуданд, ки «ҳазрати» Резвон чӣ шахси «табарруке» будааст. Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз он оғоз гардид, ки Кенҷаев тавассути телевизион тоҷикони бадахшониро таҳқир кард, аз ӯ талаб карданд, барояд узр пурсад, то мардум пароканда шавад, вале ӯ нахост аз одамони зиёда аз 46 шабу рӯз зери барфу борон дар назди дари президент нишаста узр бипурсад. Ӯ худро алакай дар курсии президенти медид, зеро «дӯстон» ин ваъдаро ба шахси вафодорашон бармаҳал дода буданд. Ва «дӯстон» Фронти Халқиро маҳз барои ба сари қудрат овардани Кенҷаев ташкил карданд.
   Яке аз маҳалгароёни ашшадӣ, ки одами бовариноки ҳукумат ба ҳисоб мераваду зидди шимолиёну бадахшониён самарқандиёну бухориён баромадҳои заҳрогин мекунад, бисёр вақт ногаҳон нопадид мешавад, дертар аён мегардад, ки «ғамхори миллат» дар кишвари ҳамсоя дар ҷаласаҳои пантуркистон ширкат меварзидааст…
   Зинда мондани миллати тоҷик вобаста ба он аст, ки оё ӯ дар хеш неруе меёбад, ки аз ҷанголи вируси М наҷот ёбад ва ё вируси М ӯро ба бойгони таърих меафканад.
Қадриддин Аслонов - охирин сарвари кишвар, ки бенайрангу зурӣ ба сари қудрат омаду қатраи хуне нарехта курсиро тарк кард. Пас аз онки вилояти Қурғонтеппа ба маркази даргириҳо табдил ёфт аз Аслонов хоҳиш карданд, то сарвари вилоятро бар дӯш гирад, зеро ӯ дар ин вилоят ба воя расида дар он ҷо таҷрибаи зиёди роҳбариро дошт. Сохтори идоракуни пурра фалаҷ гашта буд, вилоятро аз Тирмиз генерал Рустам Ахмедову аз Қурғонтеппа (полки 191) подполковник Евгений Меркулов идора мекарданд. Дигарон дар ин ваъз ҳеҷ гоҳ сарварии вилоятро ба дӯш намегирифт, вале Қадриддин Аслонов барои онки Тоҷикистон саросар ба коми оташ фурӯ наравад ба ин иқдом даст зад. Пеш аз сафари охиринаш, ки бо фоҷиаи даҳшатангез анҷомид, ба ӯ хотиррасон карданд, ки минтақаи сафараш ниҳоят хафнок аст, наравад, вале ӯ рафт… Субҳи 25 октябри соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаев бо лашкари Ӯзбекистон вориди Душанбе гашта пойтахти Тоҷикистонро ғасб кард. Аз сарварони кишвар - Искандаров, Абдуллоҷов, Тураев дар пойитахт нишонае набуд. Вақте ки сарбозони оппозитсия ба ҳуҷум гузаштанд, кӯчаю гузаргоҳҳои зеризаминӣ Душанбе аз ҷасадҳои ҷанговарони Ислом Каримов пур буд, сипас Искандаровро аз кадом мушхонае берун оварданд, вале аз ду нафар ҳамсафонаш нишоне набуд. Яке аз сабабҳои ба  вартаи хунин фурӯ рафтани Тоҷикистон он буд, ки командаҳои Набиев, Дӯстов, Кенҷаев ва Искандаров, Абдуллоҷонов, Тураев омода набуданд, барои Тоҷикистон ҷони хешро нисор созанд, ҳамагон дар андешаи ҳадафои шахсӣ, авлодӣ, маҳалии худ буданд. Он лаҳзаҳо Тоҷикистон тифли гирёну бесоҳиби дар чорсӯи зиндагӣ мондаро мемонд.
Сарнавишти тоҷику Тоҷикистон сарнавишти Қадриддин Аслоновро мемонад. Шахсе, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эълон карду кушид, ки то дар кишвар сулҳ ҳукфармо бошад, вале ҳисси маҳалгароии тоҷикон боло гирифту бо туркҳо пайваста ӯро бо азобу шиканҷаҳои зиёде куштанд. Имрӯз ҳатто касе намедонад, қабри касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро эълон намуд, дар куҷост? Ва дар ҷашни истиқлолият туркфронтчиён номи ӯро ба забон намегиранд.


   Тоҷикро дар дохили кишвару берун аз он, хоҳ дар Афғонистон, Ирон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ё дигар гӯшаҳои дунё
Зинда мондани кишвари хурде
бо номи Тоҷикистон ба ҳар як
тоҷик вобаста аст. Меҳани
ҷангзадаи мо ба муҳаббати
фарзандонаш ниёз дорад... 
вохӯред, ҳамагон мегӯянд, гузаштагонашон аёме аз Бухоро ва ё Самарқанд ба ин макон ҳиҷрат кардаанд. Мо ҳамагон фарзандони ин ду шаҳри бузурги ирониёни шарқием. Дили мо пайваста месӯзад, ки бо фиребу найранг бо зурию туркӣ Модаршаҳрҳои моро зи мо рабуданд. Кунун мекушанд бо афзудани вируси М моро ба ҳамдигар чун бегона нишон бидиҳанду боқимондаи миллати моро пароканда бисозанду ба бойгонии таърих биафкананд.
ХУДОВАНДО! Гунаҳои миллати моро бубахшу кумак бинмо, то кишвару миллати азияткашидаи мо зи маризи маҳалгароӣ наҷот ёбад!


                          Ҳабиб Саид, марти 2011, Урали Ҷанубӣ









Ҳабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Ба сифати - кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радиофаъолият намудааст. Муаллифи китобҳои: "Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад"(1992 с.) "Итальянец, тетя и Золушка"(2014 г.) - мебошад ва инчунин иштирокчии лоиҳаҳои зиёди адабӣ - интернетӣ ба ҳисоб меравад. Ба забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад





 
  
                                                                          Оё шумо бо вируси М заҳролуд гаштаед?
            

1. Шумо ҳангоме, ки бо тоҷике вомехӯред, мекушед пеш аз ҳама аз куҷо будани ӯро муаян созед? Шумо дар сӯҳбат бо атрофиён, пайваста куҷои буданатонро таъкид карда меистед?
2. Шумо атрофиёнро маҷбур месозед, ки бо лаҳҷаи шумо сухан ронанд? Вақте ки суханронии адабиро мешунавед, асабӣ мегардед?
3. Шумо мехохед, ки дар ҳамаи зинаҳои давлатдорӣ ҳамшаҳриву ҳамдеҳагони шумо шинанд, гарчанде ки онҳо сазовори ин мансабҳо нестанд?
4. Ҳангоме ки дар бораи маҳаллӣ дигар, суханҳои қабеҳ ва ё масхаромез мегуянд, оё шумо аз ин хурсанд мешавед?
5. Дар нобаробариҳои хеш, деҳаи хеш, маҳали хеш… шумо дигар маҳалро гунаҳгор месозед?
6. Ба тоҷикони Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин… оё бо чашми бегона менигареду фавран онҳоро афғон, ӯзбек, турк, хитоӣ мехонед?
7. Агар шумо роҳбар бошед, мекушед, ки дар атрофатон ҳамдеҳагон хешро гирд оварда идораи давлатиро ба сафоратхонаи деҳаатон табдил медиҳеду ҷаласаҳоро ба лаҳҷаи деҳаи хеш мебаред?
8. Агар аз радио ва телевизион мусиқӣ маҳаллӣ дигар садо диҳад, шумо асибӣ мегардеду фавран онро хомӯш месозед?
9. Агар ҳаммаҳаллӣ шумо нисбат ба миллату кишвар хиёнат кардааст, шумо мекушед, ки ӯро сафед кунеду аз ӯ каҳрамон тарошед, ба атрофиён собит месозед, ки аз макони шумо ҳеҷ гоҳ хоинон намебароянд?
10.Ҳангоме, ки перомуни маҳале сухан меронед, лақаби таҳқиромези онро (ин лақабҳо дар озмоишгоҳҳои КГБ тарҳрезӣ шудаанд) ба забон мегиред?
11. Вақте ки шумо мегуед, ки «мо тоҷикон…» шумо пеш аз ҳама минтақаи хешро дар назар доред ва ё ҳамаи тоҷиконро?
12. Шумо дар ғарибӣ тоҷикеро дучор мегардед, ки ба ҳоли сангине афтодааст, шумо ба ӯ дасти кумак дароз менамоед, зеро ӯ намояндаи маҳаллӣ дигар аст?
13. Берун аз кишвар шумо хешро бо номи маҳалатон муаррифӣ менамоед, ё худро назди бегонагон "горный таджик", "ариец" хонда  гурӯҳҳои дигари тоҷикиро паст мезанед?
14.Агар финтагаре(правакаторе) бигуяд, ки фалон ҳаммаҳаллӣ моро аз вазифа гирифтаанд, силоҳ гиридеду ба мошинҳо савор шавед… оё шумо дар ин амалёт ширкат меварзед?
15. Ҳангоме ки дар интихобот ширкат меварзед, шуморо бештар баромади маҳаллӣ номзад ба худ ҷалб менамоед, ё сифатҳои инсонии ӯ?
16. Вақте ки ягон наздикатон ба намояндаи маҳаллӣ дигар риштаи хешу табори пайваст, шумо ӯро маҳкум мекунед?
17. Дар маҳале меҳмон мегардед, урфу одаташ аз маҳаллӣ шумо тафовут дорад, фавран ба танқиди он маҳал мепардозед? Ё зуриатонро нишон дода ҷанг ташкил мекунед, то номи маҳалатонро дар ҳама ҷо бишинонед, ки будани шуморо ҳама бидонанд?
18. Тоҷикеро, вомехӯред, ки дар байни туркҳо ва ё славянҳо ба воя расидааст, ба забони тоҷикӣ бо душвори сухан меронад ва ё қариб намедонад ва дар симояш нишонаҳои ирқӣ ғайр ҳувайдост, шумо ӯро бегона хонда худро аз ӯ канор мегиред, ё дар симои он бародари хешро мебинед?